/ Материалы за 12.12.2013
12 декабр 2013, 17:37
Ҳуқуқшиносони гурӯҳи ташаббускори “Ампаро навори нави видеои “облава”-ро, ки чанде қабл вориди Ютуб шудааст таҳқиқ мекунанд.
12 декабр 2013, 17:32
Дар Куала-Лампур маросими қуръапартоии даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 баргузор шуд.
12 декабр 2013, 16:45
Марҳаббо Ҷабборова, муовини нави нахуствазири Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми декабр зимни таҷлили 20-умин солгарди фаъолияти ЮНИСЕФ дар кишвар аз беҳбуди саломатии модару кӯдаки тоҷик хабар дод.
12 декабр 2013, 15:46
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон гуруҳи занони “исёнгар”-ро, ки ба нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизб, рӯзи 10-уми декабр “ҳамла” карданд, ба мизи гуфтушунид даъват менамояд.
12 декабр 2013, 15:10
Таҳмина Раҷабова, як ҷавондухтари тоҷик ба дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо (International Film Festival)-и Гоаи Ҳиндустон муваффақ шудааст.
12 декабр 2013, 13:31
Ҳамон рӯзе айбдоркунандаи давлатӣ бо як сабукии густохона вақте 28 соли маҳрумӣ аз озодиву мусодираи молу мулк ба зерҳимояи маро аз додгоҳ дархост кард, яке аз бузургтарин шахсияти таърих олами фониро падруд гуфт.
12 декабр 2013, 12:53
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали сол то ҳозир ба ин созмон 27 арзу шикоят ва хоҳишҳо ворид гардидаанд, ки марбут ба нақзи ҳуқуқи журналистон аз ҷониби мақомот, корфармо ва сӯиистифодаи рӯзноманигорон аз мавқеи касбияшон мебошанд.
12 декабр 2013, 12:19
Баҳси додгоҳии волидони Ҳамза Икромзода, ки аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, барои марги фарзандашон дар зиндони Душанбе 10 миллион доллар ҷуброни маънавӣ мехоҳанд, имрӯз, 12-уми декабр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бе ҳузури ҷониби ҷавобгар баргузор шуд.
12 декабр 2013, 12:18
Наталя Антелава, хабарнигори минтақавии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Осиёи Марказӣ аз 10 то 13 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню Йорк ва Вашингтони Амрико дар бораи безурётсозии иҷбории занон дар Узбакистон гузориш медиҳад.
12 декабр 2013, 11:58
Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, мегӯяд, дар нақшаи барномаҳои солинавӣ намоиши Бобои барфӣ ва Барфак ворид нашудааст.
12 декабр 2013, 11:40
Дар пасманзари эълони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон оиди коҳиши нархҳо дар бозори сӯзишвории кишвар хабарнигори “Озодагон” дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе лавҳаи нархҳоро аксбардорӣ кард.
12 декабр 2013, 11:35
Дар Оренбург шаҳрванди Узбакистонро, ки дар ватан бо иттиҳоми одамфурӯшӣ муттаҳам мешавад, боздошт кардаанд. Аз ин нафар Иванов А.Н. ном бурда шудааст.
12 декабр 2013, 11:27
Дар Туркманистон рӯзи 12 декабр ҳамасола ҳамчун “Рӯзи бетарафӣ” таҷлил мешавад.
12 декабр 2013, 11:23
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар пасманзари пешгӯии обуҳавошиносон, ки рӯзҳои 16, 17 ва 18-уми декабр, барфу хунукии шадидро интизор доранд, ба ниҳоди зертобеяш дастур додааст, ки дар ҳолати омодбош қарор гирад.
12 декабр 2013, 10:59
Назруллоҳи Назар, сафири Тоҷикистон дар Миср бо Аббос Шумон, вакили Донишгоҳи исломии ал-Азҳар мулоқоти расмиеро анҷом додааст.