/ Материалы за 16.12.2013
16 декабр 2013, 18:10
Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр бо аксари оро ваколати Қоҳир Расулзода, раҳбари пешини Суғдро, ки ҳамзамон муовини аввали раиси ин маҷлис буд, пеш аз муҳлат қатъ кард.
16 декабр 2013, 17:58
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми декабр, зимни ҷаласаи машваратӣ дар ҳузури Қоҳир Расулзода, сарвазири нави кишвар, муовинони ӯ ва аъзоёни дигари ҳукумати нав фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО ва таъмини мардум бо барқро ба баррасӣ гирифтааст.
16 декабр 2013, 17:00
Як муаррихи тоҷик иддао дорад, шаҳри қадимии ёфтшуда дар Дарвоз Карон нест.
16 декабр 2013, 16:39
Дар пайи барфрезии шадид, ки субҳи имрӯз, 16-уми декабр, дар шаҳри Душанбе оғоз шуда, то ҳол идома дорад, ҳаракати воситаҳои нақлиёту мусофирон дар хиёбонҳои пойтахт мушкил шудааст.
16 декабр 2013, 16:15
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 16 декабр даъвои волидони Ҳамза Икромзодаро дар бораи рӯёнидани даҳ миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ рад кард
16 декабр 2013, 16:14
Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон азми Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки ният дорад, тамоми хидматрасониҳои интернетиро ба идораҳои давлатӣ ба дасти ширкати зертобеаяш, “Тоҷиктелеком” супорад, ғайриқонунӣ гуфт.
16 декабр 2013, 15:40
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми декабр, дар мулоқот бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев, масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки соли 2014 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ кардааст.
16 декабр 2013, 15:14
Як шаҳрванди Узбакистон дар вилояти Твери Русия бо иттиҳоми дастрозӣ ба номуси ноболиғ муттаҳам мешавад.
16 декабр 2013, 14:37
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯйхати чеҳраҳои таърихӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Кембриҷи Амрико нашр шудааст, дар зинаи 37 ҳазору 853-юм қарор дорад.
16 декабр 2013, 13:23
Гуруҳи "Фарзин" таронаи нави худро муаррифӣ кард.
16 декабр 2013, 13:21
Доктор Холид Саид, сухангӯи Ҷабҳаи Салафия, аз пайравони дини Ислом, аз ҷумла мусулмонони Тоҷикистон хостааст, зидди ҳукумати Бангладеш ба хотири эъдоми Мулло Абдулқодир даст ба тазоҳурот зананд.
16 декабр 2013, 13:05
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар дар Бишкек гуруҳеро ошкор кардааст, ки ба фиреби одамон ва ба Сурия фиристодани шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон машғул будаанд.
16 декабр 2013, 12:48
Раҳбари ҲКТ бар ин назар аст, ки дар таъини кадрҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд на ба вориси як шахс, балки ба ворис ва захоири кадрии ҳамаи гуруҳҳои ҷомеа таваҷҷуҳ мекард.
16 декабр 2013, 12:13
Шералӣ Мирзо баъд аз такя заданаш ба курсии вазири дифоъ бидуни огоҳӣ аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шимол ва ҷануби кишвар боздид анҷом дода, баъзе камбудҳоро ошкор кардааст.
16 декабр 2013, 12:13
Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар пайи баргузории як ҷаласа роҳбарияти собиқи ин ҳизбро дар вилоят ба ғасби амволу расондани зарари моддӣ муттаҳам кард.