Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 март 2019, 14:45
/ Материалы за 19.12.2013
19 декабр 2013, 22:06

Мошинҳои рабудашуда дар Олмон дар дасти атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон?

Ҳудуди 200 мошине, ки аз Олмон дуздида шудааст, дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидааст. Ин иттилоъро нашрияи олмонии Bild ба чоп расонда, гуфтааст, аксари ин мошинҳо, ки БМВ-янд, дар дасти атофиён ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

19 декабр 2013, 17:48

Аз Саидов то Қаюмзод. Даҳ чеҳраи соли 2013 дар Тоҷикистон

Пойгоҳи “Кимиёи Саодат” бар асоси назарсанҷие, ки дар Facebook анҷом додааст, даҳ чеҳраи намоёни соли 2013 дар Тоҷикистонро тартиб додааст.

19 декабр 2013, 17:37

Даъвати Солиев барои дастгирии CASA-1000 дар Аврупо

Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон дар Брюссел, зимни конфронс, таҳти унвони “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: дурнамо ва чолишҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният” калиди муътадилияти минтақаро рушди иқтисодӣ хондааст.

19 декабр 2013, 16:33

“Хуаксин Ғаюр” нархи сементро 33% арзон кардааст

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон боис шудааст, ки нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар коҳиш ёбад.

19 декабр 2013, 16:15

"Аз ҳазор зани ҳомилаи тоҷик 54 нафарашон ноболиғанд"

Як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дода, ки аз ҳазор зани ҳомила ба ҳисоби миёна 54 нафари онҳоро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.

19 декабр 2013, 15:28

"Ба ҷои Бадахшон, Бодканд долони асосии мухаддирот шудааст"

Александр Зеличенко, мудири Маркази сиёсати маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, айни ҳол ба ҷои Бадахшон, вилояти Бодканд ба роҳи асосии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон табдил ёфтааст.

19 декабр 2013, 15:24

Пешрафти Тоҷикистон дар раддабандии FIFA

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбуол дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол, ки 19-уми декабр нашр шуд, ду зина пеш рафта, дар мақоми 114-ум қарор дорад.

19 декабр 2013, 15:06

Тасмими президент барои ширкат дар Олимпиадаи Сочи

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон тасмим дорад, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи ширкат намояд.

19 декабр 2013, 14:52

Гулнора боз дар бораи “қаллобӣ” ва “иғвогари”-ҳои модару хоҳараш

Гулнора Каримова, духтари калони раисиҷумҳури Узбакистон модар ва хоҳарашро дар “қаллобӣ” ва “иғвоангезӣ” алайҳи хонавода муттаҳам кардааст.

19 декабр 2013, 14:48

Додгоҳи Олӣ баҳси Кабирӣ бо шаҳрдориро ба 2014 гузошт (ВИДЕО)

Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои омӯзиши баҳси Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳукумати Душанбе то моҳи январи соли 2014-ум муҳлат хостааст.

19 декабр 2013, 12:58

VIDEO: Суолу ҷавоб дар бораи Зайд Саидов бо раҳгузарон

Дар ҳоле ки ҳамагӣ интизори эълони ҳукми додгоҳ дар баробари Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, нишастаанд, наворбардори “Озодагон” дар бораи тақдири ояндаи ӯ аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе суол кард.

19 декабр 2013, 12:50

Ваъдахилофӣ ва шартҳои нави қирғизҳо ба Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар гуфтушунид бо қирғизҳо созиш шуд, ки роҳи Исфара-Ворух кушода шавад, вале сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд саркашӣ мекунанд ва шарти нав гузоштаанд, ки танҳо дар ҳолати ризоият барои идомаи сохтмони роҳи Оқсой -Бедак (Тамдик) роҳро боз хоҳанд кард.

19 декабр 2013, 12:09

Вокуниши ҳукумати Хуҷанд ба сӯҳбати Илҳомҷон Ёқубов

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо ирсоли номае унвонии “Озодагон” ба як бахши сӯҳбати Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, эрод гирифтааст.

19 декабр 2013, 12:07

Се сол баъд аз ҳабси Охунов... Муштариёни “Мовароуннаҳр” хона гирифтанд

Нахустин гуруҳи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” се сол пас аз ҳабси раиси ин ширкат, Ҷӯрабек Охунов, соҳиби хона гардиданд.

19 декабр 2013, 11:24

Давлатов гуфтааст, аз “Сангтӯда 1” бо “зӯрӣ” андоз намеситонад

Павел Лавров, мудири нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” ва Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон созиш кардаанд, ки нисбати нерӯгоҳ чораҳои маҷбурии ситондани андоз татбиқ нахоҳанд шуд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!