Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 апрел 2019, 17:40
/ Материалы за 23.12.2013
23 декабр 2013, 18:23

Хулосаи додгоҳ: “Ҳамзаро накуштаанд, ӯ худашро овехтааст”

Дар ин хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, Икромзода на дар пайи шиканҷа, балки худовезӣ фавтидааст ва бинобар ин, даъвои волидонаш асос надорад.

23 декабр 2013, 17:23

Алимардонов гуфтааст, баҳси Ворух “хусусияти иқтисодӣ дошт”

Баррасиии масъалаи аломатгузории хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири банд будани мақомоти Бишкек ба таъхир андохта шуд.

23 декабр 2013, 17:03

Қодирӣ санги асоси баландтарин пояи парчам дар Суғдро гузошт

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси навтаъини вилояти Суғд, имрӯз, 23-юми декабр, санги асоси сутуни 55 метрии парчами Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд гузоштааст, ки баландтарин дар шимоли кишвар хоҳад буд.

23 декабр 2013, 15:22

18% мухолиф ва 82% тарафдори ҷашни Соли нави мелодӣ

Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” миёни сокинони Тоҷикистон аз 12 то 21-уми декабр назарпурсӣ гузаронда, муайян намудааст, ки 18 дарсади сокинон Соли Нави мелодиро таҷлил намекунанд.

23 декабр 2013, 14:27

Мамадшо Илолов: “Мо хонаҳоро аз рӯи адолат тақсим кардем”

Мамадшо Илолов, ки дар пайи тағйироти кадрии ахир аз мақомаш барканор гардид, мегӯяд, то ҳол дар бораи тафтишоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ хабар надорад.

23 декабр 2013, 13:42

Шералӣ Кабиров: "Ба ҳеч ваҷҳ ТАЛКО-ро намефурӯшем"

Масъулини “ТАЛКО” имрӯз, 23-юми декабр бо баргузории як нишасти матбуотӣ аз вазъи мушкили молии ин ширкат хабар дода, таъкид намуданд, ки ниёз ба дастгирии молии давлат доранд.

23 декабр 2013, 12:57

Radiosawa: Зарифӣ аз қазияи мошинҳо огоҳ буд ва... ба Берлин нарафт

Ин шабакаи радиошунавоӣ гуфтааст, “қарор буд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (Ҳамроҳхон Зарифӣ) моҳи октябри соли ҷорӣ дар доираи як сафари расмӣ вориди Олмон шавад. Вале чун фаҳмид, ки мақомоти кишвари мизбон ҳатман масъалаи мошинҳоро ба миён мегузорад, ин сафарро лағв кард.”

23 декабр 2013, 12:35

АКС: Хоктӯдаҳое, ки “Шаҳри бехатар” аз худ боқӣ гузошт

Дар пайи татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" баъзе аз гӯшаву канори роҳҳои пиёдагарди шаҳри Душанбе канда мешаванд. Аммо чӣ тавре мушоҳида мешавад, на ҳамаи онҳо дубора барқарор ва бозсозӣ гардидаанд.

23 декабр 2013, 11:53

Кабирӣ мегӯяд, тоҷикон дар дуроҳаи интихоби озодӣ ва субот мондаанд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, ҳоло ҳукумати кишвар сокинонро дар як дуроҳа қарор додааст, ки аз миёни озодӣ ва субот якеро интихоб намоянд.

23 декабр 2013, 11:27

Иброҳим Усмонов дар бораи тартиб додани номи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ

Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, ҳанӯз фурсат ҳаст, ки мақомоти Тоҷикистон рӯйхати қурбониёни даргирии солҳои 90-уми қарни гузаштаро тартиб бидиҳанд.

23 декабр 2013, 11:07

Касперский Тоҷикистонро ба даҳгонаи “осебпазирҳо” ворид кардааст

Озмоишгоҳи маъруфи “Касперский” дар раддабандии нави худ Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳои ҷаҳон ворид намудааст, ки аз ҳама зиёд ҳадафи вирусҳои компютерӣ қарор мегиранд.

23 декабр 2013, 10:42

Даъвати ҲСДТ барои фаъол кардани Эътилоф барои демократия

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши изҳороте аз аъзо ва тарафдорони Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дубора онро фаъол намоянд.

23 декабр 2013, 09:57

М.Мирраҳим: Қасри Арбоб ва сарнавишти талхи меъмори он

Агар Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев хоҳад, ки аз Тоҷикистон ба дигар ҷой биравад, мо ӯро бо дафу дойра, карнаю сурнай ва чангу чағона (оркестр) гусел мекунем…

23 декабр 2013, 09:52

Дастури нави Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи лампаҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, барои равшансозии хиёбонҳои пойтахт ба ҷои лампаҳои хориҷӣ чароғҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода шаванд.

23 декабр 2013, 09:22

Марзбонон як сокини сархӯши Рӯшонро парондаанд

Хаёли Ошурмад, як сокини деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, ҳангоми талоши убури марз аз ҷониби марзбонон кушта шудааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!