Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 май 2019, 18:48
/ Материалы за 25.12.2013
25 декабр 2013, 21:26

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ 142 миллион доллар мегирад

Бонки ҷаҳонӣ соли 2014 барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 142 миллион доллар қарз ва грант ихтисос медиҳад.

25 декабр 2013, 20:20

Ҳабси наворбардори "Озодагон" барои ҳафт шабонарӯз

Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуда буд, ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудааст.

25 декабр 2013, 18:04

Зайд Саидов: Аз ҳамнишинӣ бо президент то маҳкумият (АКС)

Зайд Саидов аз як даст маҳрум буда, бештар бо ҳимояташ аз фарҳангиён, кумакаш ба дармондагон ва сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбе, пойтахти кишвар, маъруф аст.

25 декабр 2013, 17:00

ВИДЕО: Нахустин вокунишҳо ба ҳукми зиндони Зайд Саидов

Барзу Абдурразоқов, ҳунарманди машҳури тоҷик, ки дар назди СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ мунтазири ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов нишаста буд, гуфт, ҳоло дар як ҳолати шок қарор дорад ва намедонад, чӣ бигӯяд.

25 декабр 2013, 16:28

ВИДЕО: 26 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Додгоҳи Олиии Тоҷистон, имрӯз, 25-уми декабр, Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

25 декабр 2013, 15:59

Бозоров 9 500 $-и довталаби Донишгоҳи тиббиро барнагардондааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи як сокини Душанбе, ки барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ аз наздикони довталаб 9,5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

25 декабр 2013, 14:54

Ҷилавгирӣ аз интиқоли 26 миллион рубли қочоқӣ дар Душанбе

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи се нафар, ки талош доштаанд, аз Тоҷикистон тариқи ғайриқонунӣ 26 миллион рубли нақдро аз Душанбе ба Санкт Петербург интиқол диҳанд, ба додситонии нақлиётии Тоҷикистон ирсол гардида, мавриди тафтиш қарор додаанд.

25 декабр 2013, 14:07

Шӯрои федеративии Русия созишнома бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Шӯрои федеративии Русия имрӯз, 25-уми декабр, созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро ба тасвиб расондааст. Ин санад 8-уми феврали соли равон дар Маскав имзо шуда, муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия аз 7 то ба 15 рӯз тамдид мекунад.

25 декабр 2013, 13:55

Талоши пулис барои пароканда кардани таҷаммӯи тарафдорони Зайд Саидов (АКС+ВИДЕО)

Як гурӯҳи зиёди муташаккил аз дӯстону наздикон ва пайвандони Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, дар назди боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд.

25 декабр 2013, 12:21

Фавти боз як тоҷики 39-сола дар СИЗО

Як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон 24-уми декабр, дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Петушкини вилояти Владимирови Русия ба ҳалокат расидааст.

25 декабр 2013, 11:49

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанг, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шудааст.

25 декабр 2013, 11:39

“Ҳамаи онҳоеро, ки ба шайхҳо расондаанд, ғуломанд”

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 25-уми декабр, барои пурзӯр намудани мубориза бо меҳнати ғуломона ба Кодекси ҷиноии кишвар тағйиру иловаҳо ворид намуд.

25 декабр 2013, 10:52

Курсии Амирбек Маҳмадалиев низ дар парлумон “холӣ” шуд

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 25-уми декабр, ваколатҳои Амирбек Маҳмадалиев, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Бохтарро қатъ намуд.

25 декабр 2013, 10:40

Даъвати вакилон ба додгоҳ ва тақдири ояндаи Зайд Саидов

Имрӯз, 25 декабр, интизор меравад додгоҳ ҳукми худро нисбат ба Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, эълон кунад.

25 декабр 2013, 10:38

Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар мулоқоти Шамсов бо Бурр

Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Амрико бо ёвари роҳбари Намояндаи тиҷоратии Амрико, Мара Бурр масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ кардаанд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!