Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 19 апрел 2019, 19:13
/ Материалы за 30.12.2013
30 декабр 2013, 23:20

Бузургтарин масҷиди Узбакистон дар Тошканд бунёд мешавад

Дар соҳили наҳри Анҳори шаҳри Тошканд сохтмони бузургтарин масҷид идома дорад.

30 декабр 2013, 21:53

Президент соли навро дар ҳалқаи хонаводааш таҷлил мекунад

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон соли нави мелодиро дар ҳалқаи хонаводааш ҷашн мегирад.

30 декабр 2013, 19:58

Дидори “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ал-Ярмук”-и Яманро доварони Малайзия назорат мекунанд

Исми доварони дидори “Равшан” ва “Ал-Ярмук” дар даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 маълум гардид.

30 декабр 2013, 18:26

Баҳси буҷа ва қатли муҳоҷири тоҷик дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба роҳбарони сохторҳои масъул дастур додааст, то ба наздикону пайвандони ду шаҳрванди кишвар, ки бар асари таркиш дар шаҳри Волгогради Русия яке ҳалок ва дигарӣ сахт маҷруҳ шудааст, дасти кумак дароз намоянд.

30 декабр 2013, 18:09

Туҳфаи солинавӣ: Лимити барқ бекор мешавад

Аз соати 6:00-и фардо, 31 декабр то соати 23:00-и 1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ лимити барқ бекор мешавад. Дар ин бора аз ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд.

30 декабр 2013, 17:41

Академияи деринтизори ВАО таъсис шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис шуд.

30 декабр 2013, 17:36

Ҳалокати "Ҷумъаҷони Намангонӣ" дар роҳ ба Шаҳритус

Зайналобуддин Меъроҷов, сокини ноҳияи Шаҳритус ва собиқ маҳбуси Гуантанамо баъди ихроҷаш аз Русия дар роҳ ба хона ба садама дучор гардида, вафот кардааст.

30 декабр 2013, 17:11

Додситонӣ даромади "дӯст"-и Рустами Эмомалиро месанҷад

Додситонии кулли Қирғизистон Ҷиргалбек Самадов, вакили парлумони ин кишварро аз ҳизби “Ота-Журт” барои бозпурсӣ даъват намуда, манбаҳои даромади ӯро мавриди санҷиш қарор додааст.

30 декабр 2013, 16:32

Шарти Шавкат Абдулхайров ба вакилони Зайд Саидов

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.

30 декабр 2013, 12:12

Раҳмон таркиши Волгоградро маҳкум карда, ҷаҳониёнро ба мубориза хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоградро, ки талафоти ҷонӣ ба бор овардааст, маҳкум карда, азмашро барои мубориза бо чунин зуҳуроти ғайриинсонӣ таъкид намудааст.

30 декабр 2013, 12:09

Халқ чӣ гуна, ҳоким - намуна? Ё посухи Тӯраҷонзодаҳо ба як савол

Торнамои Тurajon.org, веб-сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо, рӯҳониёни шинохтаи кишвар, мегӯяд, Худованд ҳар миллат ё қавмеро мисли худ раҳбар медиҳад.

30 декабр 2013, 11:58

Тадобири шадиди амниятӣ дар рӯзи шикояти вакилони Зайд ба Суди Олӣ

Дар пайи овозаҳо оиди баргузории гирдиҳамоӣ ба тарафдории Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон имрӯз, 30-юми декабр тадобири амниятӣ дар маҳаллаи Сирки Душанбе, наздикиҳои бинои Суди Олии Тоҷикистон пурзӯр шудаанд.

30 декабр 2013, 11:56

Монеагузорӣ барои вуруди 2 сокини Тоҷикистон ба Миср

Маъмурони амниятии Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира, пойтахти Миср, ба ду шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки вориди қаламрави ин кишвар шаванд.

30 декабр 2013, 11:04

Исмонов ва Ғаффоров дар бораи ҳукми зиндони Зайд Саидов

Раҳбарони ҳизби демократ ва сотсиалисти Тоҷикистон дар робита ба 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав изҳори назар карданд.

30 декабр 2013, 10:54

Фавти шаҳрванди Тоҷикистон ва таркиши дуюм дар Волгоград

Дар вилояти Волгоград дар пайи як ҳамлаи террористии дигар троллейбус тарконда шудааст, ки тибқи иттилои пешакӣ 10 кушта барҷой гузошт.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!