Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 май 2019, 20:13
/ Материалы за 2014 год
31 декабр 2014, 12:22

ВИДЕО: “Мардуми мо ғамхорӣ ба занро бо назорат аз болои зан омехта мекунанд”

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши муноқишаву азҳампошии хонаводаҳо, хушунату зуроварӣ нисбат ба занҳо дар заминаи рашки зиёд дар оила изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, барои пешгирӣ аз ин мушкилот бояд корҳои зиёде амалӣ шавад.

31 декабр 2014, 12:15

Таъсиси баталиони вижаи назди ҳукумат дар Тоҷикистон

Вазорати мудофеаи Тоҷикистон аз таъсиси як баталиони нав дар кишвар хабар дод, ки ба он сарбозони шинос бо корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ҷалб мешаванд.

31 декабр 2014, 11:03

Австрия: Домоди собиқи райисҷумҳури Қазоқистон дар куштор муттаҳам мешавад

Додситонии шаҳри Вена - Роҳат Алиев, сафири пешини Қазоқистон дар Австрия ва собиқ домоди Нурсултон Назарбоевро дар куштор муттаҳам кардааст.

31 декабр 2014, 10:45

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Каримов дар арафаи соли 2015

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паёми шодбошӣ ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ва тамоми мардуми Узбакистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтааст.

31 декабр 2014, 09:50

Рейд дар Хоруғ: 531 қонуншиканӣ дар 20 рӯз

Мақомоти бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯянд, тайи ҳамагӣ 20 рӯзи рейд дар роҳҳои шаҳри Хоруғ беш аз 530 қонуншиканиро сабт намудаанд.

31 декабр 2014, 09:16

Солномаи ҳукуматдорони тоҷик. Танзи сиёсӣ

Беҳуда намегӯянд, "соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост". Бо ин қадар ҳаводиси муҳим ва ин ҳама чеҳраҳои хабарсоз оё фурсате барои ғусса хурдан боқӣ мемонад?

31 декабр 2014, 08:46

Як соли шоу биз: Аз ҷаримаи Зулайхо то “Зулфи парешон”-и Фозилов

12 моҳи сипаришуда фазои шоу бизнеси тоҷик пур аз навгониҳо буд. Хабарҳои хушу нохуш зиёд шунидем. Ҳоло ки дар соли 2014 ҳамагӣ як рӯзи дигар меҳмон ҳастем, беҳтар аст муҳимтарин хабару воқеаи санъати овозхонии кишварро ба ёд биёрем.

31 декабр 2014, 08:23

Имрӯз: Мавлуди Бобоҷон Ғафуров, Фотима Ғуломова, Мулук Назар...

ЧОРШАНБЕ. 31 декабр – охирин рӯзи соли 2014

30 декабр 2014, 18:22

Убайдуллоев Қосимҷон Усмоновро раиси “Маркази савдои Пойтахт 90” таъин кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки имрӯз, 30 декабр баргузор шуд, Қосимҷон Усмоновро директори муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” таъин кард.

30 декабр 2014, 17:24

Радди ду дархости Кумитаи амният дар Додгоҳи низомии Душанбе

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои радди даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро қонеъ накард.

30 декабр 2014, 16:00

Ду дархости Зоиров аз додгоҳ ва таъхири мурофиа то соли дигар

Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов, имрӯз, 30-юми декабр зимни мурофиаи додгоҳӣ аз додрас хост, парванда аз рӯи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш қатъ карда шавад.

30 декабр 2014, 15:26

Путин барои Русия “барзах” месозад?

Коршиносон муқовимати Русия дар баробари таҳримҳои Ғарбро ба сифр баробар медонанд ва таъкид мекунанд, агар раванди таъсири таҳримҳо ҳамин тавр идома пайдо кунад, эҳтимолан Русия ба кишвари варшикастаи иқтисодӣ табдил мешавад.

30 декабр 2014, 14:49

Ҳушдори фиристодаи Путин аз баҳори “гарм” дар Тоҷикистон

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон таҳаввулот дар Осиёи Марказӣ ногузир аст.

30 декабр 2014, 11:45

Бехобӣ ва дархости Зайд Саид барои рӯбарӯкунӣ бо Убайдуллоеву раисони дигар

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шудааст.

30 декабр 2014, 10:56

Таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар хориҷ: Се дар Русия ва чаҳор дар Афғонистон

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарори худ дар мавриди ташкили участкаҳои интихоботӣ барои интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз кишварро ба тасвиб расонид.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!