Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 21:16
/ Материалы за 01.12.2016
1 декабр 2016, 16:57

Шохиси озодиҳои инсонӣ: Тоҷикистон дар мақоми 83

Пажуҳишгоҳи Катои Вашингтон дар ҳамкорӣ бо институтҳои Либерал ва Фрезер шохиси озодиҳои инсонӣ дар соли 2016-ро таҳия кардааст. Тоҷикистон аз 10 холи умумӣ соҳиби 6,80 хол гардида ва миёни 159 кишвар ҷойи 83-ро муаррифӣ мекунад.

1 декабр 2016, 16:16

Сафир: Наметавонам аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунам

Мусофирони “Turkish Airlines” мегӯянд, наздики як ҳафта аст, ки наметавонанд аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунанд.

1 декабр 2016, 15:49

Пешниҳоди вакили рус барои омӯзиши фанни руҳоният дар донишгоҳҳои тиббӣ

Виталий Милонов, вакили Думаи Русия аз ҳизби ҳукмрони “Русияи воҳид” пешниҳод кардааст, то дар муассисаҳои тиббии ин кишвар омӯзиши дарсҳои руҳоният роҳандозӣ шаванд.

1 декабр 2016, 15:35

Санҷиш: Ронандаи дағалу баднафс мошинро дуздида, мусофирбарӣ кардааст (АКС)

Мақомоти Тоҷикистон шикояти як мусофир, ки ронандаи мусофирбари хатсайри 19 ӯро таҳқиру дашном кардааст, санҷидаанд.

1 декабр 2016, 14:51

Тепловоз сокини 65-солаи Турсунзодаро зер кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 65-солаи шаҳри Турсунзода зери тепловоз мондааст.

1 декабр 2016, 12:54

Ҳукумат ваъда карду иҷро не: Андози роҳ боқӣ мемонад

Лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ, ки тибқи ваъдаи ҳукумат бояд аз 1-уми январи соли 2017 амалӣ мешуд, ба таъхир гузошта шуд.

1 декабр 2016, 12:24

Раиси Бонки Миллӣ: Ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” нек аст

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар мавриди ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” бояд “дилу нияти нек кард”.

1 декабр 2016, 11:45

Зуҳуров: Коррупсия ва андоз монеаи рушди Тоҷикистонанд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр зимни ҷаласаи парлумон гуфт, барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тайи 15 соли оянда бояд дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шавад.

1 декабр 2016, 11:25

Тошканд: Дар интихобот сарҳад бо Тоҷикистонро намебандем

Мақомоти Тошканд эълон карданд, ки дар рӯзи интихоботи раисиҷумҳури Узбакистон сарҳад бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро намебанданд.

1 декабр 2016, 11:20

Президент мардумро бо рӯзи “худаш” табрик кард

Нурсултон Назарбоев мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи Президенти нахустин табрик кардааст.

1 декабр 2016, 10:50

Стратегия: Барои зиндагии шоистаи мардум 118 милиард $ зарур аст

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи онро таъмини зиндагии шоистаи мардум гуфт, ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

1 декабр 2016, 10:22

Муроҷиат ба Президент: Танҳо Шумо метавонед ёрӣ диҳед, дар Кӯлоб касе ба доди ман нарасид (ВИДЕО)

Як сокини 56-солаи Кӯлоб мегӯяд, шаш сол қабл дар пайи офати табиӣ манзилашро сел бурд ва то имрӯз барои дастрас кардани манзил ё қитъаи замин муваффақ нашуд.

1 декабр 2016, 10:21

Андуҳи Э.Раҳмон аз суқути ҳавопаймо бо футболбозони бразилиягӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи суқути ҳавопаймо бо шаҳрвандони Бразилия ба Президенти ин кишвар, Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа барқияи тасаллият ирсол кардааст.

1 декабр 2016, 09:47

АКС: Президенти Тоҷикистон озими Прага шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми 30-юми ноябр аз шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прага шуд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!