Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 феврал 2017, 18:54
/ Материалы за 02.12.2016
2 декабр 2016, 17:11

Ҳарбиёни рус ба низомиёни тоҷик тирандозӣ ва фаъолиятҳои махсусӣ тактикиро меомӯзанд

Неруҳои ҳарбии Русия низомиёни тоҷикро малакаҳои таҷрибавӣ меомӯзонанд.

2 декабр 2016, 16:44

Тамдиди муҳлати тафтиши садама бо иштироки писари ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон

Тафтиши парвандаи ҷиноии садамаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола, писари ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон барои ду моҳи дигар тамдид шудааст.

2 декабр 2016, 15:37

Президент амр дод, руҳониён ба ҷанозаи ронандаҳои маст нараванд

Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон иштироки руҳониёни мусалмонро дар маросими ҷанозаи ронандаҳои масте, ки бо айби онҳо садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад, манъ кардааст.

2 декабр 2016, 15:28

Додгоҳи Аврупо: Русия ба “экстремисти тоҷик” ҷуброни зарар пардозад

Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор кардааст, ки Русия ба Тӯйчӣ Ҷӯраев, шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамсараш Екатерина Шалкова, сокини Перм 5 ҳазорӣ евро ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.

2 декабр 2016, 14:14

“Муносибат бо афроди нобино хуб нест, онҳоро бо ангушт ишора мекунанд”

“Вақте ҳамагӣ барои чанд лаҳза чашмонамонро бо латтапорае бастанд, моро воҳима пахш намуд. Маҳз дар ҳамин лаҳза ҳаёти нафароне пеши назар омад, ки аз биноӣ маҳруманд. Фикр кардам, онҳо на, балки мо нобино будаем, ки онҳоро нодида мегирифтем”.

2 декабр 2016, 13:07

"ЮНЕСКО" палави тоҷикиро мероси ҷаҳонӣ хонд

Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, “ЮНЕСКО” оши палави тоҷикиро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кардааст.

2 декабр 2016, 12:40

Ташкили қароргоҳҳои нав барои Президенти Тоҷикистон

ҲукуматиТоҷикистон қарор кардааст, ки барои раисиҷумҳур дар ҷануби кишвар ду қароргоҳи нав ташкил шавад.

2 декабр 2016, 11:45

РБК: Хонахарии тоҷикон дар Маскав афзудаст

Ширкатҳои фурӯши хона дар Маскав мегӯянд, тайи як соли охир аз шумори хориҷиҳо дар бозори хона чиниҳо ва тоҷикҳо фаъолтарин харидорон мебошанд.

2 декабр 2016, 11:21

Ҳукми 18 соли зиндони сокини Файзобод барои куштори ҳамдеҳааш

Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзободро дар куштори ҳамдеҳааш муҷрим шинохта барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.

2 декабр 2016, 10:55

Азми сардорони милиса ва амният барои ҳамкорӣ бо руҳониён ва аҳолии ВМКБ

Раҳбарони мақомоти милиса ва амнияти миллӣ дар ВМКБ аз халифаҳо ва аҳолии вилоят хостаанд, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бештар кунанд.

2 декабр 2016, 10:23

Таъқиби афроди намозхону ришдор дар Туркманистон

Мақомоти амниятии Туркманистон шаҳрвандони намозхон ва ришдори ин кишварро таъқиб мекунанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои як муҳоҷир бо номи Азат хабар додааст.

2 декабр 2016, 08:30

Баррасии масоили ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон дар суҳбати Э.Раҳмон ва Б.Соботка

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чехияро олӣ арзёбӣ кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!