Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:32
/ Материалы за 15.12.2016
15 декабр 2016, 17:28

Зуҳуров ба сафири Амрико: Дари мо ба рӯи кишварҳое, ки ба мо назари нек доранд, кушода аст

Раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон мавзӯи меҳварии мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе будааст.

15 декабр 2016, 17:07

Шикояти сокинони пойтахт аз мушкили барқ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев

Сокинони кӯчаи Фазлиддин Шаҳобови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯянд, наздики 10 сол аст, ки мушкили онҳо дар заминаи дарёфти неруи барқ ҳалли худро наёфтааст.

15 декабр 2016, 16:44

Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии соли 2017 низ ширкат меҷӯяд

Ҳизби демократи Туркманистон номазадии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури феълии ин кишварро барои иштирок дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017 пешниҳод кардааст.

15 декабр 2016, 16:32

Гилаи вазир аз соҳибкорон: Ба масҷидсозӣ майл доранду ба ёдгориҳои фарҳангӣ не...

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вакилони Маҷлиси намояндагон хост, дар мулоқот бо интихобкунандагон таваҷҷӯҳи сокинонро ба эҳё ва ҳифзи мероси нотакрори таърихию фарҳангиамон ҷалб намоянд.

15 декабр 2016, 15:07

Мушкили Убайдуллоев дар пулгирӣ аз бонкҳо: 141 миллион мондаст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, мегӯяд 141 миллион сомонӣ пули буҷети пойтахтро аз бонкҳо гирифтан наметавонанд.

15 декабр 2016, 14:06

Нерӯи барқ ва қурби асъор нархи обро дар Хуҷанд гарон кардааст (ИНФОГРАФИКА)

Сар аз якуми январи соли 2017 арзиши истифодаи об ва хизматрасонии партовобҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд ҳудуди 20 дарсад гарон мешавад.

15 декабр 2016, 13:00

Баҳс дар парлумон: Солгарди шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад

Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 15-уми декабр дар парлумон пешниҳод кард, ки минбаъд солгарди таърихи шаҳру навоҳӣ таҷлил нашавад.

15 декабр 2016, 11:51

Э.Раҳмон: Ба сармоягузорон кафолат ва 240 сабукӣ медиҳем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми декабр бо соҳибкорону сармоягузорони Шри-Ланка мулоқот карда, онҳоро барои кор дар кишвари мо даъват намудааст.

15 декабр 2016, 11:10

Ҳабси сержанти тоҷик барои ҷалби капитан ба “ДИИШ”

Додгоҳи ҳарбии минтақаи Қафқози шимолӣ Зафар Холов, зодаи Тоҷикистон, сержанти калони Қувваҳои мусаллаҳи Русияро дар ҷалби ҳамкораш капитани артиши Русия ба сафи ДИИШ гунаҳкор донист.

15 декабр 2016, 10:12

Иштироки ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии “Пайёмбари меҳрубонӣ”-и Эрон

Гуруҳи мусиқии “Само” аз Тоҷикистон ба дуввумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Пайёмбари меҳрубонӣ” даъват шудааст. Ин ҷашнвора 12 декабр дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон шурӯъ гардид ва имрӯз, 15 декабар ба поён мерасад.

15 декабр 2016, 09:17

Холаи Шакархотун: Модари 18 фарзанд бо 18 дипломи макотиби олӣ!

Ҷиҳати дигари ҷолиби қиссаи ин оилаи серфарзанд он буд, ки онҳо, зану шавҳар, барои гирифтани МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ба ҳамаи 18 фарзанд саҳм гузоштаанд! Тасаввур мекунед, албатта, ҳаждаҳ фарзанд ва ҳашдаҳ дипломи макотиби олӣ!

15 декабр 2016, 08:44

Зодаи Тоҷикистон мири шаҳри Белокуриха шуд

Як зодаи Тоҷикистон барои панҷ сол дар курсии раиси шаҳри Белокурихаи минтақаи Алтайи Русия такя мезанад.

15 декабр 2016, 08:22

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 15-уми декабр - 349-умин рӯзи сол. То поёни сол 16 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!