Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:19
/ Материалы за Январ 2017 года
21 январ 2017, 14:01

Гардиши нав дар қазия Хованск: Касе дар куштор айбдор нашуд

Иттиҳоми куштор алайҳи ташкилкунандагони муноқишаи Хованск, ки 14-уми майи соли 2016 бо марги се тоҷик анҷомида буд, бекор карда шудааст.

21 январ 2017, 13:14

Гилаи раиси андоз: Маошу коргарони корхонаҳо каму қаллобиҳо зиёд шудаанд

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ихтисори кормандон, зиёд нашудани маош ва қаллобии бархе корхонаҳоро аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ арзёбӣ намуд.

21 январ 2017, 12:34

Зоиров ба Раҳмон: Шуҳрат Қудратов ғайриқонунӣ афв нашуд

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шуҳрат Қудратов бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ки меъёрҳои қонун “Дар бораи афв” нисбат ба зерҳимояш татбиқ гардад ва ӯ озод карда шавад.

21 январ 2017, 12:05

Аз А то Я-и кори милисаи тоҷик аз қавли вазир: Қасди куштори ходимони давлатӣ ва...

“Озодагон” гузориши муфассали Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистонро аз кори милисаи тоҷик дар соли 2016 ироаи хонандагон мекунад, ки аз қасди куштори ходимони давлатӣ то сӯиистифодаи мансабдорон аз мошинҳои хидматӣ ва терроризму ифротгароиро дар бар мегирад.

21 январ 2017, 10:54

Давлатов: Р.Эмомалӣ аз лидерони сиёсӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад

Дар пасманзари таъини Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Душанбе “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки ин таъинотро чӣ гуна пазируфтед, чиро аз раиси нав интизоред ва барои беҳбуди кори ӯ чӣ маслиҳат медиҳед?

20 январ 2017, 17:09

Роҳандозии “Мактаби Қуръон” дар Русия

Дар шаҳри Болгари Тотористони Русия “Мактаби Қуръон” роҳандозӣ мешавад.

20 январ 2017, 17:04

Эълони фасодзадатарин ниҳодҳо дар Хатлон

Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон фасодкортарин ниҳодҳои вилоятро дар соли 2016 номбар карданд.

20 январ 2017, 16:07

Нархи гӯшт дар Туркманистон баъди маргумири мурғу чорво арзон шудааст

Дар Туркманистон баъди хабарҳои маргумири ҳайвоноти хонагӣ аз бемории сиёҳзахм нархи гӯшт дар шаҳрҳои калони ин кишвар қариб ду баробар коҳиш ёфтааст.

20 январ 2017, 16:05

Омори бозори танфурӯшӣ: Сабти 9 фоҳишаи ноболиғ, 1565 то 30-сола ва 417 солхӯрда

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2016 дар кишвар 1991 зани танфурӯшро сабт кардааст, ки миёнашон 9 нафар ноболиғ мебошанд.

20 январ 2017, 14:59

6 соли зиндони муҳоҷири тоҷик барои “бӯсидани духтари ноболиғ”

Додгоҳе дар вилояти Орлови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои шаш сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.

20 январ 2017, 14:36

Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати парлумонӣ ба Арабистони Саудӣ меравад.

20 январ 2017, 13:46

ВКД: Писари ноиби сарвазир афв нашудааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди афв шудани Фаромуз Саидови 23-сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистонро рад кард.

20 январ 2017, 12:29

Раҳимзода: Милиса, ки фарбеҳ шуд, кораш суст мешавад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон назорати вазни милисаҳоро дар кишвар тасдиқ кард.

20 январ 2017, 12:21

2016: 40 тоҷикистонӣ ба ДИИШ пайвасту 22 нафар хориҷ шуд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 40 тоҷикистонӣ ба созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастанд.

20 январ 2017, 11:59

Вазир: Бисёри паноҳҷӯёни тоҷик ҷинояте накардаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ паноҳандагӣ талаб кардааанд, таҳти пайгарди мақомоти тоҷик қарор надоранд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!