/ Материалы за 09.01.2017
9 январ 2017, 17:43
Табибони рус гуфтаанд, эҳтимол ангуштони сармозадаи як муҳоҷири тоҷикро бибуранд.
9 январ 2017, 16:34
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумон гуфт, “бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳаммияти муҳим пайдо намудааст”. Раисҷумҳур дар зимн ба ҳукумат супориш дод, ин масъаларо бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи аввали соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд. Дар робита ба ин “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид, ки БАРОБАР КАРДАНИ САТҲИ АНДОЗБАНДӢ БА ҲАМСОЯКИШВАРҲО ИМКОН ДОРАД?
9 январ 2017, 15:26
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар ба наздики 315 муаллим ниёз доранд.
9 январ 2017, 15:24
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон изҳороти Умар Сафӣ, собиқ раиси музофоти Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд.
9 январ 2017, 14:44
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аз гармшавӣ ва сатҳи муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар моҳҳои охир тавсиф кард.
9 январ 2017, 12:33
Ҳамидуллоҳ Фақеров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе муноқишаи маргбори аввали соли равон дар пойтахтро қассосгирӣ миёни ҷавонони ду маҳалла гуфт.
9 январ 2017, 12:15
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, гуфт, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат ба барномаи таълимии синфҳои 8 ва 9 фанни нав бо номи Конститутсия ворид мешавад.
9 январ 2017, 11:44
Яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-18) дар XXIX-умин мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол Валентин Гранаткин мунтахаби Юнонро шикаст дод.
9 январ 2017, 11:19
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии наздии Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш изҳор дошт, ки дар тирагии равобити Тоҷикистону Эрон худи Эрон муқассир аст.
9 январ 2017, 10:40
Азизбек Ҷалолов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки 22-юми декабр дар пайи таркиш дар метрои Маскав сахт маҷруҳ шуда буд, баъди зуҳри 7-уми январ даргузашт.
9 январ 2017, 10:13
Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёдро хатарзо хонданд.
9 январ 2017, 10:10
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвони ҳамтои эрониаш -- Ҳасани Руҳонӣ, даргузашти Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтааст.
9 январ 2017, 09:00
Доналд Трамп, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА хостааст, бидуни истисно тамоми сафирони ин кишвар дар хориҷ то 20-уми январ мақоми худро холӣ кунанд.