Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 15:48
/ Материалы за 12.01.2017
12 январ 2017, 17:05

Тоҷикистон 130-солагии Лоҳутиро ба ЮНЕСКО пешниҳод кард

Тоҷикистон ба Комиссияи ЮНЕСКО, ниҳоди илму фарҳанги СММ пешниҳод кардааст, ки 130-солагии шоири шинохтаи форсу тоҷик Абулқосим Лоҳутиро ба рӯйхати санаҳои таърихии ин ниҳод ворид кунад.

12 январ 2017, 16:37

Раиси ЖКХ: Нархи об дар Тоҷикистон 10% гарон мешавад

Алимурод Тағоймуродов, раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” аз болоравии нархи об дар кишвар хабар дод.

12 январ 2017, 16:08

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷузъиёти тағйироти кадриро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12-уми январ дар сатҳи вазирҳо ва шаҳрдории Душанбе амалӣ кардааст, ироа намуд.

12 январ 2017, 15:46

Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев таъин шуд

Манобеи “Озодагон” аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

12 январ 2017, 15:38

Барканории Нусратулло Салимзода баъди 9 соли вазирӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми январ дар ҳукумат, аз ҷумла дар сатҳи вазирҳо тағйироти кадриро амалӣ кардааст.

12 январ 2017, 12:39

Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттиро се тақсим мекунанд

Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон бори дигар ба се ниҳоди мустақил ҷудо мешавад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 12 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

12 январ 2017, 12:32

Вазорат: “Таъмири тонки Толибон дар Тоҷикистон” дасиса аст

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Умари Сӯфӣ, волии собиқи музофоти Кундузро, ки танк ва дигар техникаи ҳарбии ҳаракати радикалии «Толибон» дар қаламрави Тоҷикистон таъмир мешаванд, дасисаи ғаразнок хонд.

12 январ 2017, 11:52

Душанбе аз изҳороти сафири афғону шарҳи Кобул норозист

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз изҳороти таҳқиромези сафири афғон ва шарҳи мақомоти афғон, ки гӯиё ин назари шахсии ӯст, изҳори норозигӣ ва таассуф кардааст.

12 январ 2017, 11:03

Ихтирои дастгоҳи нодири табобати саратон дар Тоҷикистон

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 12-уми январ аз ихтирои дастгоҳи нодир дар кишвар иттилоъ дод, ки саратонро табобат мекунад.

12 январ 2017, 10:46

Ҳамдардии Президент аз даргузашти рӯзноманигор Кароматуллоҳи Аҳмад

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон аз даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори собиқадори тоҷик изҳори ҳамдардӣ кард.

12 январ 2017, 10:23

Азми Абдуллозода барои ҷалби 1 миллион саёҳ ва ҳалли мушкили ҳоҷатхона

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон гуфт, то соли 2020 теъдоди саёҳон дар кишварро ба 1 миллион нафар хоҳанд расонд.

12 январ 2017, 09:59

11 январ: Ҳалокати ҷуфти дигари тоҷик аз заҳри ангишт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 11-уми январ, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор як зану шавҳар ба ҳалокат расидаанд.

12 январ 2017, 09:31

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Мастура Илёсова, модари танҳои ду кӯдаки бемор, ки шоми 11-уми январ овозаи таҳдиди худкушияш дар Душанбе паҳн шуд, изҳор медорад, ки роҳи дигареро барои баромадан аз мушкилот наёфт.

12 январ 2017, 08:47

Стратегияи дуздҳо: Хоҳӣ надароянд дарвозаро қуфл накун (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти афвшудаҳо хабар дод, ки давоми ҳамагӣ чор моҳ дар озодӣ 14 бор дуздӣ кардаанд.

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!