Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 апрел 2018, 06:22
/ Материалы за 26.01.2017
26 январ 2017, 16:41

Ҳалокати модару духтар аз дуди ангишт

Дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Рӯдакӣ ду аъзои як хонавода ба ҳалокат расида, ду тани дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.

26 январ 2017, 15:19

Оҷонсии омор: Марду марг зиёду зану зоиш кам шудааст

Теъдоди мардон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

26 январ 2017, 14:43

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпӣ боқӣ монд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори сеюм Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

26 январ 2017, 14:23

Созиши Э.Раҳмон ва Навоз Шариф барои мулоқот дар ояндаи наздик

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми январ бо Муҳаммад Навоз Шариф, савразири Покистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

26 январ 2017, 12:59

Супориши ҳукумат барои арзонии чиптаи ҳавопаймо чӣ шуд?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дастури ҳукумат барои омӯзиш ва поин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар кишвар дар ҳоли баррасист.

26 январ 2017, 12:34

Маркази нави давлатӣ барои ҳар дақиқа 15 дирам мегирад

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ҳаққи Маркази ягонаи комутатсионии “Тоҷиктелеком”-ро 15 дирам барои ҳар дақиқа муайян кардааст.

26 январ 2017, 12:18

Яхбандӣ дар Рӯдакӣ 2 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт

Яхбандии роҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ субҳи имрӯз, 26-уми январ боиси марги 2 нафар гардид.

26 январ 2017, 11:33

Генерали тоҷик: Реклама кардем, дар як ҳафта 5-6 нафар худро ба дарёи Сир партофт (ВИДЕО)

Раёсати умури дохилии Суғд минбаъд аз пешниҳоди маълумот дар бораи шомилшавии одамон ба равияҳои террористиву ифротӣ ва онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд, худдорӣ мекунанд. Ин нуктаро Шариф Назарзода, сардори ин ниҳод дар нишасти ахири хабариаш дар Хуҷанд изҳор дошт.

26 январ 2017, 10:23

ВКД: Бобохонов 7 сол барқро ғайриқонунӣ истифода кардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як санҷиш дар шаҳри Душанбе чанд ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ошкор шудааст.

26 январ 2017, 10:05

Фурудгоҳи Душанбе бо 3 миллион доллар соҳиби манораи назоратӣ мешавад

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назоратӣ бунёд мешавад.

26 январ 2017, 09:29

Президент қисме аз салоҳиятҳояшро ба ҳукумат ва парлумон медиҳад (ВИДЕО)

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон тасмим гирифта, қисме аз салоҳиятҳояшро миёни парлумон ва ҳукумат тақсим кунад.

26 январ 2017, 09:08

ВИДЕО: Зулайхо “Бай-бай” мегӯяд, ШУМО чӣ МЕГӮЙЕД?

Зулайхо Мамадшоева, овозхони попи тоҷик, ки ҳамчун “Зу-зу” ҳам муаррифӣ мешавад, клипи нави худро сабт кардааст. Ин навор бар пояи таронаи “Бай-бай”, ки матнаш аз Орзу Исоев ва оҳангаш моли Роберт Мирзоян мебошад, ба эҳтимоли зиёд дар Дубай таҳия гардидааст.

26 январ 2017, 08:25

Гуфтугӯи Душанбеву Маскав сари “таниши ҳавойӣ” азсар гирифта мешавад

Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ба масъалаи мушкили бамиёномада дар бахши ҳавонавардии ду кишвар ҳам дахл карда мешавад. Ин ҷаласа қарор аст, фардо 27 январ дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кунад. Ҳайати Русияро Игор Шувалов, ноиби аввали сарвазир раҳбарӣ мекунад.

26 январ 2017, 07:30

Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 26 январ -26-умин рӯзи сол. То поёни сол 339 рӯзи дигар монда .


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!