Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 ноябр 2017, 17:37
/ Материалы за 02.02.2017
2 феврал 2017, 17:28

Президенти Туркманистон 8 март ба занон суруди худро тақдим мекунад

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми сафараш ба вилояти Ахал эълон кард, ки ба муносибати Рӯзи бонувон таронаи нави худро бо номи "Нури бахт" хоҳад суруд.

2 феврал 2017, 16:53

“Муштариёни алоқаи мобилӣ ва интернет 700 ҳазор кам шудааст”

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ ва истифодабарандагони интернет дар кишвар 700 ҳазор кам шудааст.

2 феврал 2017, 16:03

Суҳбати Салимзода сари оташдони нашъа: “Маршрут”-и қочоқчиён иваз шудааст (АКС+ВИДЕО)

Шерхон Салимзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, таҳкими назорати марз қочоқчиёни нашъаро ба тағйири хатсайр водор кардааст.

2 феврал 2017, 15:50

“Tcell” мизбони нахустин шоми “PechaKucha” дар Душанбе

Душанбе яке аз 968 шаҳре муаррифӣ шуд, ки “PechaKucha” баргузор мешавад. “PechaKucha” – ҳаракати байналмилалии инсонҳои эҷодкор аст, ки дар муддати кутоҳ муаррифиномаи худро ба ҷомеа шинос менамоянд.

2 феврал 2017, 15:22

ВИДЕОИ зери тарма мондани сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Ин наворро як корбари хабаргузории мо ирсол кард ва дар он дида мешавад, вақте як гуруҳ одамон дар роҳи бандшуда талоши роҳкушоӣ барои мошинҳоро доранд, аз баландкуҳ тарма фаромада, мошини сабукрави сафедеро пахш мекунад.

2 феврал 2017, 13:50

Ҳалокати 2 тоҷикистонӣ дар садамаи пурқурбонии Маскави нав (ВИДЕО)

Бархӯрди Тойота бо УАЗ, ки соати 16:00-и 1-уми феврал дар шоҳроҳи Варшавски минтақаи Маскави нав рух додаст, ҳадди ақал 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузоштааст.

2 феврал 2017, 13:14

АКС: Ниҳолшинонии Президент ва дастур ба Р.Эмомалӣ барои омодагӣ ба Наврӯз

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 2-юми феврал дар Боғи Наврӯзгоҳ дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонданд.

2 феврал 2017, 12:39

Амният: Назорати почта дар Тоҷикистон пурзӯр мешавад

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз пурзӯр шудани назорати почта дар кишвар хабар дод.

2 феврал 2017, 12:16

Кӣ суҳбати Бег Сабур бо журналистонро мамнуъ кардааст?

Адолат Абдураҳмонзода, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди мамнуъ шудани иштироки раисашон, Бег Сабур дар нишастҳои матбуотиро рад карда, гуфт касе мамнуъ накардааст.

2 феврал 2017, 11:31

Салимзода пуштибонии мақомоти тоҷикро аз мафия бофта хонд

Шерхон Салимзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, иддао, ки гӯиё мақомоти тоҷик аз мафияи нашъаҷаллоб пуштибонӣ мекунанд, беасос аст.

2 феврал 2017, 10:08

Ҳушдори обуҳавошиносон аз барфрезию тармафароиҳои нав

Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар кишвар ҳушдор дод.

2 феврал 2017, 09:12

Маҳдуд шудани фиристодани пул ба донишҷӯён

Акнун барои фиристодани пул ба донишҷӯёне, ки дар беруни кишвар таҳсил мекунанд, гувоҳиномаи расмии нархи таҳсил зарур аст ва ҷамъи маблағе, ки фиристода мешавад, набояд аз нишондоди ин санад бештар бошад.

2 феврал 2017, 09:07

2017: Кӣ онро чӣ эълон кард? (ИНФОГРАФИКА)

Ҳамасола бар асоси суннати роиҷе дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон солро ба ин ё он масъалае мебахшанд. Соли нави 2017 ҳам дар қисме аз кишварҳо ва созмонҳо соли гиромидошт аз масъалаҳое эълом шудааст. Ин суннат аз ҳама беш дар Иттиҳоди Шӯравӣ роиҷ буд ва ҳоло кишварҳои пасошӯравӣ онро ба мерос гирифтаанд.

2 феврал 2017, 08:56

"Сомон Эйр": Парвозҳои мунтазам ба Тошканд 20 феврал оғоз мешаванд

Ширкати “Сомон Эйр”, ки нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошкандро наздики 150 доллари амрикоӣ муайян кардааст, далели гаронии нархи чиптаро шарҳ дод.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Феврал 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!