Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 13:33
/ Материалы за 06.02.2017
6 феврал 2017, 17:05

Чаро “Тоҷик Эйр” ба “Ориён иншуриенс” пул медиҳаду ба “Тоҷиксуғурта” не?

Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, мусофирони “Тоҷик-Эйр” бояд донанд, ки суғурта нашудаанд.

6 феврал 2017, 16:33

Тазоҳурот зидди нархи барқ дар Қирғизистон

Сокинони вилояти Норини Қирғизистон аз гаронии нерӯи барқ эътироз мекунанд. Бо талаби коҳиши нархнома наздики 50 нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят даст ба тазоҳурот задаанд.

6 феврал 2017, 16:08

Роҳи “Хуҷанд-Душанбе” боз шуд...

Роҳи “Хуҷанд-Душанбе”, ки дар пайи фаромадани тарма баста шуда буд, баъд аз нисфирӯзии имрӯз, 6 феврал боз шудааст.

6 феврал 2017, 15:04

Имзои 8 созишнома ва хитоби Э.Раҳмон ба амири Қатар: Мӯъмин бародари мӯъмин (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 6-уми феврал бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Давлати Қатар мулоқоти хоса дошта, музокироти сатҳи олиро бо иштироки ҳайати васеъ идома додаанд.

6 феврал 2017, 14:52

Довталабон ба кадом ихтисос дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ надоранд?

Масъулони Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯянд, талабот ба беш аз 100 ихтисос дар кишвар хеле кам аст.

6 феврал 2017, 13:05

Видеои гилаи Лукашенко аз Иттиҳоди гумрукӣ: Зарар дидем, зери қарзу миннат мондем

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гила дорад, ки узвияташ дар Иттиҳоди гумрукӣ, ки бо даъвати Путин сурат гирифт, ба зарари иқтисодиёти кишвараш анҷомид.

6 феврал 2017, 11:55

Раиси Агентӣ дар бораи Р. Эмомалӣ ва зодгоҳи мансабдорон: Бештар аз Хатлонанд

Ҷумъа Давлат, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, бештари хизматчиёни давлатӣ дар кишвар зодагони вилояти Хатлон мебошанд.

6 феврал 2017, 11:49

Иззат Амон: Фаъолиятҳоямонро қатъ мекунем, ба Сафорат муроҷиат кунед

Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия аз қатъи фаъолиятҳояшон хабар дод.

6 феврал 2017, 11:20

(ВИДЕО) Суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов то ҳол пардохт нашудааст

Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, то ҳол маблағи суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури пешин ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон пардохт нашудааст.

6 феврал 2017, 10:56

(ВИДЕО) Раиси “Тоҷиксуғурта”: Пули 1000-сомонӣ супориш аз боло набуд

Аловиддин Сатторӣ, раиси “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, пешниҳоди зердасташ барои нашри пули 1000 сомонӣ бо акси раисиҷумҳур супоришӣ набуд.

6 феврал 2017, 10:27

Депорти тоҷике, ки мехост бо ду кило нос ба Лаҳистон биравад

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз Белорусия депорт шудааст. Акнун давоми панҷ соли оянда ӯ ҳаққи вуруд ба ин кишварро надорад.

6 феврал 2017, 10:22

Пешниҳоди Президент барои ҷамъи пули Қатару захираҳои Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сармоядорони қатарӣ пешниҳод кардааст, ки захираҳои табиии Тоҷикистон бо имконоти молиявии Қатар ҷамъ гарданд ва ҳар ду кишвар аз ҳамкорӣ манфиат бардоранд.

6 феврал 2017, 09:20

Омадани Путин: Барои фурудгоҳи Айнӣ, вуруди Тоҷикистон ба АвруОсиё ё?

Сафари қарибулвуқуи Путин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, як каме ғайриинтизор ба назар мерасад. Аммо аз лиҳози ин ки сафар дар шаборӯзи гармогармии баҳсҳои бешумору ҳалношудаи Душанбеву Маскав сурат мегирад, як миқдор ҳасосиятбарангез низ ҳаст. Хусусан, баъд аз барканории Маҳмадсаид Убайдулоев ва бигӯ магӯҳо дар мавриди гузинаҳои гуногуни интиқоли қудрат.

Бойгонӣ

«    Феврал 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!