Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 16:54
/ Материалы за 07.02.2017
7 феврал 2017, 17:01

Зодаи Тоҷикистон сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калининград шуд

Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калинингради Русия шудааст.

7 феврал 2017, 16:32

Беш аз 6 миллион доллари Русия барои рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Русия барои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 то 6,6 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.

7 феврал 2017, 16:10

Аризаи Убайдуллоев ва Фирӯз Убайдуллоевич барои қатъи ваколатҳо дар маҷлис

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини пойтахт барои қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳояш дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ариза додааст.

7 феврал 2017, 15:52

АКС: Мулоқоти марзбонҳои №1-и тоҷику қирғиз барои пешгирии муноқишаҳо

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар вилояти Бодканд бо ҳамтои қирғизаш Мирбек Қосимқулов ҳалли танишҳои марзиро баррасӣ кардаанд.

7 феврал 2017, 14:54

Ҳалокати 2 сокини Шуғнон дар зери яху тарма

Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳалокати ду сокини ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.

7 феврал 2017, 14:28

Нигаронии директори “Тоҷиксуғурта”: Ширкатҳои хусусӣ шаҳрвандонро гумроҳ накунанд

Раҳбари ширкати “Тоҷиксуғурта” бо нигаронӣ аз мавҷудияти рақобати носолим дар бозори бима гуфт, намояндаи бархе ширкатҳои хусусӣ миёни шаҳрвандон аз номи “Тоҷиксуғурта” баромад мекунанд.

7 феврал 2017, 14:07

“Рейд”: Зиндагии сохтмончиён дар биноҳои нотамоми Душанбе

Санҷиши муштараки мақомот муайян кардааст, ки бархе аз сохтмончиён дар биноҳои нотамоми Душанбе дар шароити тоқатфарсо иқомат доранд.

7 феврал 2017, 11:55

Сафорат: Сабабҳои ҳалокати муҳоҷири тоҷик таҳқиқ мешавад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сабабҳои ҳалокати як ҷавони 23-солаи тоҷикро дар Санкт-Петербург таҳқиқ мекунанд.

7 феврал 2017, 10:29

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду барфрӯби тоҷик барои беэҳтиётӣ

Мақомоти тафтишотии Русия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду барфрӯби тоҷикистонӣ хабар дод, ки дар беэҳтиётӣ муттаҳам мешаванд.

7 феврал 2017, 09:58

Қарори №52-и Рустами Эмомалӣ: Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор дар пойтахт 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ эълон кардааст.

7 феврал 2017, 09:54

ВИДЕО: Ҳушдори Жириновский аз ҷанги тоҷику қирғизу узбак барои об ва даъват ба эҳёи “СССР”

Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолбарангез ва раиси ҳизби либерол-демократии Русия аз ҷанги тоҷику қирғизу узбакҳо барои об ҳушдор дода, пешгӯӣ кардааст, ки фазои тарс “СССР”-ро бидуни тирпаронӣ барқарор хоҳад кард.

7 феврал 2017, 09:14

Заҳролудшавии маргбори як хонавода аз дуди ангишт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 6-уми феврал дар шаҳри Панҷакент як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудааст.

7 феврал 2017, 08:10

“Кёрлинг”-ро чӣ бигӯем: “Керлинг”, “курлинг” ё “сангсуронӣ”?

Кёрлинг яке аз бозиҳои Олимпики зимистонӣ аст ки дар он ду гуруҳи чаҳорнафара сангҳои бузургу гирду сайқалии вижаеро бар рӯи масире яхӣ ба сӯи хонаҳое дар поёни замини бозӣ сур медиҳанд ё месуронанд.

7 феврал 2017, 07:56

Ҳушдори КҲФ аз лағзиши барф ва кандашавии шушаҳои ях

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи боришоти барфи зиёд, ки сабаби ғарами барф дар боми хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуда, хатари лағзиши барфтӯдаву яхпора аз бомҳо, инчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳоро афзудааст, ба шаҳрвандон чанд тавсия додааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!