Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 16:54
/ Материалы за 10.02.2017
10 феврал 2017, 18:12

Тағйироти кадрӣ: Аз курсии депутатӣ ба роҳбарии Суди олии иқтисодӣ

Мавлуда Сатторӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров ба мақоми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

10 феврал 2017, 17:47

Паёмҳои Э.Раҳмон ва Трамп ба ҳамдигар: Аз баёни умеду эътимод то таманниёт

Доналд Ҷон Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо ирсоли паём ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон 25-умин солгарди Истиқололияти Тоҷикистон ва муносибатҳои дипломатӣ бо ИМА-ро шодбош гуфтааст.

10 феврал 2017, 17:04

Сафири Аврупо: Аз бозии абарқудратҳо то гурези ширкатҳо аз Тоҷикистон

Сафири Аврупо мегӯяд, дар Тоҷикистон бозигарон аз қабили Русия, Чин, Эрон, ИМА, Туркия ва кишварҳои аврупоӣ фаъоланд.

10 феврал 2017, 16:23

Сироҷиддин Аслов дар Рӯзи миллии Эрон: Мутмаинам чолишҳоро аз як дидгоҳ арзёбӣ хоҳем кард (АКС)

Сафири Эрон дар Душанбе кишварашро дар самти дастгирии иқтисоду тиҷорат ба Тоҷикистон аз пешгомон унвон кард.

10 феврал 2017, 15:21

Ёди Президент аз 127 ҳалокшуда ва ҳушдор аз моҳҳои хатарнок

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, танҳо моҳи январ 244 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, дар пайи офатҳои табиӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд.

10 феврал 2017, 14:15

Посухи раиси Кумитаи занон ба Далер Шарифов: Мисли занҳои ғайбатчӣ... (ВИДЕО)

Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба матлаби Далер Шарифов, ки таҳти унвони “Замоне, ки модарони тоҷик таҳқир мешаванд” дар “Озодагон” нашр шуд, посух додаст.

10 феврал 2017, 11:55

(ВИДЕО+АКС) Мусофири хатсайри “Душанбе-Тошканд”: 24 сол аст, ки ба зодгоҳам нарафтаам

Субҳи имрӯз, 10 феврал ҳавопаймои “СомонЭйр” ба Тошканд парвоз кард. Ин нахустин ҳавопаймои ҳомили мусофир аст, ки баъд аз 25 сол ба пойтахти Узбакистон меравад.

10 феврал 2017, 11:02

Консулгарии Тоҷикистон дар Питер “генералӣ” мешавад

Ҳафтаҳои наздик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Душанбе ҳоло дар пойтахти фарҳангии Русия консулгарии ифтихорӣ дорад.

10 феврал 2017, 10:50

Кӯмакхоҳии хоҳари Гадоев аз Президент: Аз фишорҳо халосамон кунед

Занҷирамоҳ Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои таъмини ҳаёти осоишта ба ӯ ва хонаводааш кӯмак кунад.

10 феврал 2017, 10:26

Раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия ба Душанбе расид

Ян Ҳамачек, раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия чанд лаҳза пештар вориди Душанбе шуд.

10 феврал 2017, 10:10

Мақомот: Гадоев 4 миллион фоида гирифту андоз надод

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванд Салоҳиддин Гадоевро дар сементфурӯшӣ бидуни пардохти андоз айбдор мекунанд.

10 феврал 2017, 09:29

Рустамзода дар фасодкорӣ зимни фурӯши моли давлат айбдор мешавад

Мирзоаҳмад Рустамзода, сардори шӯъбаи идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар фасодкорӣ зимни фурӯши моли давлат муттаҳам мешавад.

10 феврал 2017, 08:51

Ифтитоҳи парванда алайҳи мудир ва хазинадори “Агроинвестбонк”

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи Беҳрӯз Саидов, хазинадор ва Маҳмадкарим Худоиев, собиқи мудири бахши “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Дарвоз бо итиҳоми фасодкорию қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

10 феврал 2017, 08:06

Суҳбати Убайдуллоев бо сафири Фаронса: Аз зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён то мубориза бо терроризм

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Душанбе мулоқот кардааст.

10 феврал 2017, 07:49

Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 10-уми феврал - 41-умин рӯзи сол. То поёни сол 324 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!