Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 14:18
/ Материалы за 11.02.2017
11 феврал 2017, 14:46

Мулоқоти Ҳамачек бо Эмомалӣ Раҳмон ва Убайдуллоев

Ян Ҳамачек, раиси Палатаи намояндагони парлумони Чехия, ки дар Душанбе қарор дорад, 10-уми феврал бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ мулоқот кардааст.

11 феврал 2017, 14:23

Миллард: Ба муносиботи Тоҷикистону ИМА хушбинам (АКС)

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ба ояндаи муносиботи дӯстонаи ин ду кишвар хушбин мебошад.

11 феврал 2017, 12:50

Ноиби аввали Э.Раҳмон дар бораи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дин ва хатарҳо

Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо нашри як матлаб ҷаҳонишавӣ, фазои иттилоотӣ, зӯрии қалам бар тонк, интернет, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва умури диндорию таҳдидҳо ба амниятро баррасӣ кардааст.

11 феврал 2017, 12:06

САҲА ба Тоҷикистон таҷрибаи Сингопур зидди фасодро пешниҳод кард

Созмони амнияти ва ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон таҷрибаи Сингопур дар амри мубориза бо фасодро пешниҳод кардааст. Масъулини мубориза бо фасоди Сингапур мегӯянд, роҳандозии таҷрибаашон иродаи сиёсии қотеъ талаб мекунад.

11 феврал 2017, 11:24

Боздошти директор ва сармуҳосиби коллеҷи тиббӣ барои “доля”-бандӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ифтитоҳи парванда алайҳи Аҳмад Сафаров, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ва Иброҳим Ҳасанов сармуҳосиби ин муассиса хабар дод.

11 феврал 2017, 10:48

Шарҳи сафири Аврупо дар бораи боздошти Кабирӣ: Дар сатҳи боло гуфтугӯ доштем

Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон талаби мақомоти тоҷик ва бархе аз ҷавононро барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро шарҳ дод.

11 феврал 2017, 10:08

Ҳушдор аз тармафароию яхбандӣ дар роҳҳои Тоҷикистон

Обуҳавошиносони тоҷик аз ҳавои номусоид дар рӯзҳои истироҳат-11-12-уми феврал ҳушдор доданд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!