Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 13:35
/ Материалы за 13.02.2017
13 феврал 2017, 19:55

“Гузаргоҳ”-и “Давлати исломӣ” баста мешавад?

Дар нишасти сеҷонибаи ҳайатҳои Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли низоъи Сурия, ки рӯзҳои 23-24 январи соли равон дар Остона баргузор шуд, яке аз пешниҳодҳои Димишқи расмӣ баста шудани марзҳои Туркия ба рӯйи гуруҳҳои мусаллаҳ буд, ки гуфта мешавад, маҳз тавассути ҳамин марзҳо ба гуруҳҳои мусаллаҳи мустақар дар Сурия силоҳ фиристода мешавад.

13 феврал 2017, 17:34

Дастгирии соҳибкорон: Гӯркан, аробакаш, чою рӯзномафурӯш... аз андоз озод шуданд

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастури раисиҷумҳур барои дастгирии соҳибкорон як қатор намудҳои фаъолиятро аз пардохти андоз озод кардааст.

13 феврал 2017, 17:08

Кӯлоб: Мактаби президентӣ чор рӯз аст об надорад (ВИДЕО)

Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб аз чор рӯзи пеш мушкили дастрасӣ ба об дорад.

13 феврал 2017, 16:13

Фармондеҳи Толибон дар бораи ҳамкорӣ бо Русия ва ҳадафу пуштибони “ДИИШ"

Саид Муҳаммад Акбар, яке аз раҳбарони аршади Толибон равобити Русия ва Чинро бо ин гуруҳ тасдиқ карда гуфтааст, бо ин давлатҳо ҳанӯз се сол қабл дар Қатар ва Аморати Муттаҳида дидор кардаанд.

13 феврал 2017, 15:39

Савол ба мири Архангелск: Тоҷикон кай меоянд?

Дар нишасти хабарии шаҳрдори Архангелс дар бораи муҳоҷирони тоҷик ҳам суҳбат шудааст.

13 феврал 2017, 14:44

Ҳуҷҷат надорад: Марги ҷавони тоҷик баъди радди қабул дар беморхонаи 23

Табибони беморхонаи давлатии рақами 23-и Екатеринбург шаби 12-уми феврал ҷавони тоҷикро, ки аз дасти ҳамватанаш корд хӯрдааст, ба далели надоштани ҳуҷҷат қабул накардаанд.

13 феврал 2017, 11:30

Гузориши додситони кул дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ дар мавриди иҷрои дурусти қонунҳо дар кишвар ҳисобот медиҳад. Дар ин бора аз палатаи болоии парлумон ба “Озодагон” хабар доданд.

13 феврал 2017, 10:59

Чуркаҳо: Аз ҳақталошии тоҷикон то қассосгирии пулиси рус (АКС)

Гуруҳи муҳоҷирони тоҷик аз мақомоти рус хостаанд, амали маъмури пулиси шаҳри Любертси назди Маскавро, ки онҳоро “чурка” хонда, латтукӯб ва ғайриқонунӣ боздошт намудааст, бисанҷанд.

13 феврал 2017, 10:53

ВАО: Муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 19 афтидааст

Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 19-и сохтмони биное дар дар ноҳияи Приморски Санкт-Петербург афтидааст.

13 феврал 2017, 10:10

Ошкор шудани “Тойота ленд Крузер-200”-и қочоқӣ дар марз бо Афғонистон

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани як “Тойота ленд Крузер-200”-и қочоқӣ хабар додааст.

13 феврал 2017, 09:53

Фирори ронандаи маст баъди зер кардани пиёдагард

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ронандаи автомашинаи “Мерседес-бенс”-ро, ки шоми шанбеи 11-уми феврал ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Душанбе пиёдагардро зер карда, фирор намудааст, боздошт карданд.

13 феврал 2017, 09:27

Фиристодаи Путин: Эҳтимоли вуруди “ДИИШ” ба Тоҷикистон вуҷуд дорад

Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, хатари вуруди ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.

13 феврал 2017, 09:04

Пойгоҳҳои украинӣ дар бораи қатли Сангаку Файзалӣ

Пойгоҳҳои таҳлилии укроинӣ қатли қумандонҳои саҳроиро тайи даҳсолаҳои охир баррасӣ карда, қатли мармузи Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидовро ба шеваи кори мақомоти махсуси “КГБ” монанд кардаанд.

Бойгонӣ

«    Феврал 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!