Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 ноябр 2017, 17:38
/ Материалы за 16.02.2017
16 феврал 2017, 19:09

Пул барои терроризм: Рӯйхати 7-ҳазор нафараи Бонки миллӣ ба Прокуратураи генералӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мегӯянд, мубориза дар самти ба маблағгузории терроризмро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи Ҳотам Назарзода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, вобаста ба ҳолати интиқоли маблағ барои амали террористӣ, аз ҷониби Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ як парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

16 феврал 2017, 18:31

Пайвастани сокинон ба гуруҳҳои ифротӣ дар шимоли Тоҷикистон кам шудааст!

Бино ба иттилои масъулин, шомилшавии сокинони шимоли кишвар ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.

16 феврал 2017, 17:36

Бадахшон дар бунбаст: Ҳоло зарурат барои дархости чархбол ё техникаи иловагӣ нест (АКС)

“Вазъи ноҳияи Ванҷ як миқдор фарқ мекунад. Бо раиси ноҳия ва ҳам бо раиси ҷамоати Рованд, ки аз ҳама бештар дар он ҷо барф боридааст, суҳбати телефонӣ доштам. Дар Бадахшон, ки 10-20 соли охир чандон барфи зиёд намеборид барфбории шадиди имсол мардумро ба воҳима андохт. Табиат аст, барф меборад, як муддат роҳҳо баста мешаванд ва ин ногузир аст. Мо бо табиат мубориза бурда наметавонем, вале тамоми чораҳоро дида истодаем”.

16 феврал 2017, 17:01

“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 40 зина пешрафт кардааст

Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ 2017” мақомашро 40 зина беҳтар карда, дар ҷойи 109-ум нишастааст.

16 феврал 2017, 16:04

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 17 март муайян мешаванд

Рақибони тими ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар даври интихобии мусобиқоти Осиё-2018 рӯзи 17 март муайян мешаванд. Ин мусобиқа аз 15 то 23 июл баргузор мешавад.

16 феврал 2017, 14:36

Узбакистон аз Украина истирдоди ҷияни ҳамсари президентро хост

Додситонии кулли Узбакистон аз мақомоти Украина истирдоди Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро дархост намуд, ки ба рабудани миллионҳо доллар, пинҳон доштани даромад, пулшӯӣ ва тақаллуби хидматӣ айбдор мешавад.

16 феврал 2017, 13:45

С.Аслов: Аз узвияти Афғонистон дар СҲШ ҷонибдорӣ мекунем (АКС+ВИДЕО)

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон барои узвияти Афғонистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ мекунад. Афғонистон ҳоло дар ин созмон мақоми нозирро дорад.

16 феврал 2017, 11:55

“Толибон” 52 сокини осоиштаро рабудаанд

Ҷангиёни ҳаракати “Толибон” 52 сокини маҳаллаи Дерзаби Ҷузҷони Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, рабудаанд.

16 феврал 2017, 11:34

Вуруди беиҷозати кормандони амниятӣ ба хонаҳо қабул нашуд

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”-ро, ки аз ҷониби ҳукумату палатаи поёнии парлумон қабул шуда буд, баргардонд.

16 феврал 2017, 10:54

Феҳраст: Парвина Шукруллоева 95 бор қоидаро вайрон кардаст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ронандагоне муайян шудаанд, ки қоидаи роҳро зиёд вайрон кардаанд, аммо ҷаримаи маъмурии таъиншударо насупоридаанд.

16 феврал 2017, 10:09

Убайдуллоев: Ба тафтишҳои беасос нуқта гузоред

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ имрӯз, 16-уми феврал зимни шунидани ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ба масъалаи санҷишҳои беасос ва таъмини шароит барои соҳибкорон дахл кард.

16 феврал 2017, 09:56

Додситони кул “облава”-ро тасдиқ кард: Ҷой дорад...

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ кард, ки “облава” дар кишвар ҷой дорад.

16 феврал 2017, 09:46

Юсуф Раҳмон: 230 сомонаро "блок" кардем...

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, ки шомилшавии тоҷикистониҳо ба ДИИШ ба маротиб кам шудааст.

16 феврал 2017, 09:40

Додситони кул: Хонаҳои ғайриқонунӣ давлатӣ мешаванд

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаи заминфурӯшӣ ва ояндаи хонаҳои ғайриқонунӣ сохташударо шарҳ дод.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Феврал 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!