Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 август 2018, 06:35
/ Материалы за 27.02.2017
27 феврал 2017, 18:57

Изҳороти Путин: Ташвиш аз "ДИИШ", кӯмак ба Кобул ва истифодаи пойгоҳи 201 дар марз (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русиягияш Владимир Путин аз натиҷаи сафари Президенти Русия ба Душанбе изҳороти муштарак қабул карданд.

27 феврал 2017, 17:04

Шарҳи мақомот дар мавриди терминалҳо: Ҳуқуқи истеъмолкунандаҳоро ҳифз кардем...

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии терминалҳоро таҳлил карда, муайян намудааст, ки бархе ширкатҳо қарори ҳукуматро дар ин соҳа риоя намекунанд.

27 феврал 2017, 16:39

АКС: Путин Тоҷикистонро кишвари калидӣ дар умури амният хонд

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия фармон додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ордени Александр Невский сарфароз гардонда шавад.

27 феврал 2017, 15:51

Қотили шаҳрванди Тоҷикистон 9 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Борск як сокини вилояти Нижегородро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон муҷрим шинохтааст.

27 феврал 2017, 15:01

“Тоҷик Эйр” имрӯз парвозҳояшро ба Пекин шурӯъ мекунад

Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” аз роҳандозии парвозҳои мунтазам ба пойтахти Чин хабар дод.

27 феврал 2017, 14:27

Қазияи пулҳои Гулнора Каримова. Бонки хусусии швейтсарӣ дар пулшуӣ муттаҳам мешавад

Додситонии федероли Швейтсария эҳтимоли ширкати бонки хусусии Lombard Odier-ро дар шустушӯи маблағҳое таҳқиқ мекунад, ки мумкин аст ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов тааллуқ дошта бошанд.

27 феврал 2017, 14:03

Рустами Эмомалӣ муддаии курсии вакили шаҳрӣ

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзадии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод кардааст.

27 феврал 2017, 13:04

Нақшаи роҳбандии БДА: Роҳ диҳед, Путин меояд!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон тарҳи роҳбандӣ барои таъмини амнияти ҳаракати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Душанберо нашр кард.

27 феврал 2017, 12:09

Фатво барои гирифтани шаҳрвандии Русия аз сӯи тоҷикон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабули шаҳрвандии Русияро дар сурати ҳифзи арзишҳои миллию динӣ ҷоиз донистааст.

27 феврал 2017, 11:24

Қатъи кори терминалҳо баъди қарори ҳукумат: Зараровар шудааст...

Мирзо Раҳимов, директори ширкати “Пародхт.тҷ” қатъи кори бисёри терминалҳоро дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

27 феврал 2017, 10:39

Кӯмакхоҳӣ барои пайдо намудани Маҳмадшариф: Ӯ кару гунг аст

Маҳмадшариф Каримов, як сокини 34-солаи колхози Каленини ноҳияи Панҷ, ки аз забону шунавоӣ маҳрум аст, 10 рӯз боз бедарак шудааст.

27 феврал 2017, 09:55

Путинро дар Душанбе кӣ ҳамроҳӣ мекунад? (АКС)

Генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия субҳи имрӯз, 27-уми феврал ба Душанбе омад.

27 феврал 2017, 09:28

Ошкори “сейфдуздӣ”-ҳо дар Душанбе: Афвшудаҳо даст доранд...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ҷавони шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар “сейф”-дуздиҳо даст доранд.

27 феврал 2017, 09:08

ВИДЕОИ эътирози муҳоҷирону пӯписаи корфармо: Ин ҳақро дар Тоҷикистон дорӣ...

Муҳоҷирони меҳнатии метросоз аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки 5 моҳ боз маошашонро нагирифтаанд, охири ҳафтаи гузашта дар Маскав даст ба тазоҳурот задаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!