Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 06:55
/ Материалы за 05.04.2017
5 апрел 2017, 17:18

Мулоқоти вазирҳо бо хонандаҳо: Аз муноқишаҳои маргбор то бастани интернет-кафеҳо

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел дар Душанбе бо хонандагони макотиби рақами 101, 54 ва 43-и ноҳияи Сино, ки муҳассилинаш дар муноқишаҳои қаблӣ иштирок доштаанд, мулоқот намуданд.

5 апрел 2017, 16:36

Шӯрои уламо: Фурӯхтани мӯйи сар аз нигоҳи шариат мамнӯъ аст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хариду фурӯши мӯи сари занонро нодуруст хондааст.

5 апрел 2017, 15:58

Коршинос: Таблиғи расонаҳои тоҷик зидди ДИИШ муассир буд

Созмони International centre for counter terrorism (ICCT) ё худ Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм ахиран таҳқиқотеро дар бораи маргталабони “Давлати исломӣ” (ДИ) нашр кард. Дар он гуфта мешавад, аз 3 ду ҳиссаи маргталабони ДИ тоҷикон будаанд. Бино бар таҳқиқот, аз 1 декабри соли 2015 то 30 ноябри соли 2016, 27 тоҷик ба хотири амалӣ кардани ҳадафҳои созмони террористии "Давлати исломӣ" худро қурбон кардаанд. Чӣ чиз боис шудааст, ки шумори маргталабони тоҷик дар сафи ДИ афзояд? Дар ин робита аз хабарнигори тоҷик Муъмин Аҳмадӣ, ки се сол аст, мавзӯи тундгароӣ ва терроризмро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад, суҳбат намудем.

5 апрел 2017, 15:10

Путин ба Саймуъмин Ятимов ва амниятиҳои аршад: Ҳамкориро бештар бояд кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имрӯз, 5-уми апрел бо Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва амниятиҳои аршади дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот кардааст.

5 апрел 2017, 15:06

Ифротгароӣ дар Хатлон мавзӯи доғ ва нигаронкунанда боқӣ мондааст

Моҳи феврали соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Хатлон се сокини ҷамоати деҳоти “Пули сангин”-и шаҳри Норакро барои боло кардани парчами ДИИШ дар боли кӯҳе 3 солӣ равонаи зиндон кард.

5 апрел 2017, 14:24

Баъди инфиҷори Петербург: Боздошти шаш зодаи Осиёи Марказӣ (ВИДЕО)

Шаш шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербург барои мусоидат дар амалҳои террористӣ дастгир шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст.

5 апрел 2017, 13:14

12,5 соли Бутаев барои қасди сафар ба Сурия

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Буттаев.М-ро барои қасди сафар ба Сурия ва зархаридӣ ба 12,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

5 апрел 2017, 12:44

Зуҳуров дар бораи тағйири қонуни танзим: Айб дар қонун не, дар мусалмонии мост

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллӣ тағйирот ворид кард.

5 апрел 2017, 12:23

Санҷиш алайҳи вазирону мансабдорони дорои душаҳрвандӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонунгузории кишвар доштани душаҳрвандиро ба раиси Хадамоти гумрук, муовинҳояш, раҳбарону сараудиторҳои Палатаи ҳисоб манъ кард.

5 апрел 2017, 12:06

Садамаи “Ленд-Ровер”-у “Рав-4” ноболиғи 6-соларо кушт ва модарашро захмӣ кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи бархӯрди ду мошин дар шаҳри Душанбе роҳгузари 6-сола ҳалок ва модараш маҷруҳ шудааст.

5 апрел 2017, 12:01

Интиқоди Эътилоф аз дағалии милисаҳо ва дархост аз ҷабрдидаҳо

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз пароканда кардани иштирокдорону меҳмонони намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.

5 апрел 2017, 11:20

316620 сомонӣ ҷоизаи Рустами Эмомалӣ барои ғолибони ниммарафони байналмилалӣ

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе барои ғолибони 8-умин ниммарафони байналмилалӣ дар пойтахт 316620 сомонӣ ҷоизапулӣ ихтисос додааст.

5 апрел 2017, 09:40

Таърихи имрӯз: Мавлуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 5-уми апрел - 95-умин рӯзи сол. То поёни сол 270 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!