Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 13:40
/ Материалы за 12.04.2017
12 апрел 2017, 17:04

Баъди 10 рӯз: Нақшаи даъват ба артиш 40%

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 40 дарсади нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.

12 апрел 2017, 16:39

Ҳушдори Абдулқодирзода аз оқибати майдонбароиҳо ва даъват ба шукри Пешво

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гунаҳкори кӯдаккушиҳо дар Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзадаро ҷавонони ин кишварҳо хонд, ки ноогоҳона ва бепарвоёна ба майдонҳо баромаданд.

12 апрел 2017, 16:26

“Хоби маймун”-и коргардони тоҷик муддаии ҷоизаи синамо дар Қирғизистон

Филми “Хоби маймун”-и Румӣ Шоазимов, коргардони ҷавони тоҷик барои дарёфти ҷоизаи миллии синамоии Қирғизистон пешниҳод шудааст.

12 апрел 2017, 15:52

«Бо ҳам»: Филми мустанади муштаракоти фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Эрон

Дар Эрон филми мустанаде бо номи “Бо ҳам” дар мавриди муштаракоти фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Эрон сохта шудааст, ки дар назар аст рӯзҳои наздик намоиш дода шавад.

12 апрел 2017, 14:40

Шаҳрдорӣ: Автобусҳои нави Душанбе як рӯз ройгон хизмат мерасонанд

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, мусофиркашҳои нав, ки шаби гузашта вориди пойтахт шуд, аз 15 апрел ба хизматрасонӣ шурӯъ мекунанд.

12 апрел 2017, 14:25

Беш аз 100 нафар муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ дар Эрон. Аҳмадинажод ҳам ҳаст...

Миёни беш аз сад нафаре, ки муддаии курсии раисҷумҳурӣ дар Эрон шудаанд, Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти пешини ин давлати исломӣ ҳам ҳаст.

12 апрел 2017, 12:45

Мухлис: Баъди нуқраи Анталия муҷозоти Комроншоҳ лағв шавад

Ҳамчунин имрӯз Федератсияи байналмилалии ҷудо мақоми Комроншоҳи Устопириёнро дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло бурд.

12 апрел 2017, 12:26

Намояндаи Оқохони IV: Касе беайб нест

Алӣ Акбар Песнанӣ, намояндаи доимии Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон таҳаммулгароӣ, қабул ва эҳтироми гуногуниро дар ҷомеа сипари муътамад алайҳи ифроту тундгароӣ хонд.

12 апрел 2017, 11:58

Аъзои ҳукумат, мақомоти додгоҳӣ... Кӣ барои пинҳон намудани душаҳрвандӣ муҷозот мешавад?

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки муҷозоти афродеро, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин шуда, шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, қабул кард.

12 апрел 2017, 10:55

Сухангӯи Вазорати дифоъ: Агар Ҳалимов воқеан бемор бошад, аз артиш озод мешавад

Як сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, кормандони комиссарияти ҳарбӣ Сайёд Ҳалимов, бародарзодаи 24-солаашро бо зӯр барои хидмат дар артиш бурдаанд.

12 апрел 2017, 09:55

Шаш кило асали тоҷикиро ба Русия роҳ надоданд

Дар фурудгоҳи Челябински Русия шаш кило асали як шаҳрванди Тоҷикистон мусодира шудааст.

12 апрел 2017, 09:24

Дустӣ: Зан навзодашро 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст

Кормандони пулис як cокини 35-солаи ноҳияи Дӯстиро барои фурӯхтани тифлаш боздошт кардаанд.

12 апрел 2017, 09:06

Андоз аз кишоварзон барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии лаблабу

Аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Балкани Туркманистон, ки натавонистаанд нақшаи давлатиро иҷро кунанд, андоз ситонида мешавад.

12 апрел 2017, 08:35

ВКД: Ду мудир аз корхонаи нафт 180099 литр маводи сӯхтро рабудаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар азхудкунӣ ё исрофкорӣ муттаҳам мешаванд.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!