Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 02:10
/ Материалы за 13.04.2017
13 апрел 2017, 17:16

Путин: Баъди омадани Трамп муносибатҳо бадтар шудааст

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, баъди корро ба ҳайси раисҷумҳур оғоз кардани ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп мизони эътимоди тарафайн миёни Маскаву Вашингтон поин рафтааст.

13 апрел 2017, 16:26

Ярч дар Дарвоз ҷони модари ҷавону кӯдакашро гирифт (АКС)

Бар асари лағзиши ярч дар ноҳияи Дарвоз як ҷавонзани 19-сола бо тифли 2-солааш қурбон шудаанд.

13 апрел 2017, 15:41

Раиси Душанбе ҳамкорӣ бо Узбакистон ва Русияро баррасӣ кард

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе 12-уми апрел бо Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон ва Игор Лякин-Фролов, сафари Русия дар Тоҷикистон мулоқот доштааст.

13 апрел 2017, 14:10

Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое роҳ ёфт, ки дар бахши туризм пешрафт доранд

Дар раддабандии рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон мавқеи 107-ро муаррифӣ мекунад.

13 апрел 2017, 12:12

РКД: Омӯзгори 58-сола мехост яроқҳоро фурӯшад

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шодмонқул Туқузбоев, омӯзгори 58-солаи ноҳияи Шаҳристонро бо ҷурми нигоҳдории силоҳ боздошт кардааст.

13 апрел 2017, 11:54

Кушта шудани 8 қочоқчӣ дар марзи Тоҷикистон

Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар марз бо Афғонистон 10 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

13 апрел 2017, 11:38

Зани маҷруҳшудаи тоҷикро бо чархбол ба беморхона бурдаанд

Дар пайи садамаи рӯзи 12 апрел дар шоҳроҳи Варшава як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон маҷруҳ шудааст.

13 апрел 2017, 11:24

Насиҳати Р.Эмомалӣ ба ронандаҳои автобусҳои 90 000 $-ӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни қабули автобусҳои нав ронандаҳоро ба муомилаи хуб бо мусофирон ва эҳтиёти воситаҳои нақлиёт даъват намудааст.

13 апрел 2017, 11:11

Муроҷиати як модар: Ёрӣ диҳед, то фарзандам аз мактаб намонад

Як сокини шаҳри Душанбе аз сокинони саховатманди кишвар хоҳиш дорад, ба қадри имкон барои пешбурди зиндагиаш ба ӯ ёрӣ бидиҳанд.

13 апрел 2017, 09:59

6 ташхиси даъватшаванда: Созӣ, беморӣ, созӣ, беморӣ... бирав!

Сайёд Ҳалимов, як сокини 24-солаи шаҳри Ҳисор, ки ба гуфти амакаш дар хонаашон “облава” шуда буд, дар пайи ташхисҳои такрор ба такрор ниҳоят бемор эътироф гардида, аз хизмат озод шудааст.

13 апрел 2017, 09:14

Сипосномаи Русия ба мушовири Президент

Русия бо ирсоли як нома ба Зафар Сайидзода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ барои нашри китоб дар мавриди таърихи Русия изҳори сипос кардааст.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!