Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 май 2017, 09:50
/ Материалы за 18.04.2017
18 апрел 2017, 17:21

Роҳи чор ҷавони тоҷик ба Сурия ва қиссаи баргаштани онҳо

Ба иттилои мақомоти қудратии кишвар айни ҳол ҳудуди 1100 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна шомил ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола иддае аз ҷавонон ба ин гуруҳҳо мепайванданд.

18 апрел 2017, 16:34

Мурофиаи модари тоҷик, ки барои ҳимояи дугоникҳояш, пулисро кӯфт

Додгоҳи вилояти Челябинск парванда алайҳи як зани тоҷикистониро ба баррасӣ гирифтааст, ки барои ҳимояи дугоникҳои ноболиғи худ ба пулис ҳамла кардааст.

18 апрел 2017, 15:59

Алавӣ: ДИИШ ва “Ал-Қоида” мехоҳанд муттаҳид шаванд

Созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” барои муттаҳид шудан музокирот мекунанд. Ин нуктаро Оят Алавӣ, ноиби раисҷумҳури Ироқ дар суҳбат бо Reuters иброз доштааст.

18 апрел 2017, 15:34

Бонки Миллӣ дар бораи 11 сабаби ҷаҳиши $ ва 208 парванда

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, шахсият ва макони нафаронеро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шуданд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.

18 апрел 2017, 15:15

Муҳоҷиронро тавассути телефон аз хатари ифротгароӣ ҳушдор медиҳанд

Ҳукумати ноҳияи Бохтар, дар вилояти Хатлон ҷануби Тоҷикистон ба ҳар як муҳоҷире, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, суҳбати як ба як анҷом дода аз зиндагӣ ва шароити кории онҳо пурсон шудааст.

18 апрел 2017, 14:44

Олег Фейзов дар бораи фарҳанги муштараки тоҷикону узбекҳо

Олег Фейзов, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик аз афзоиши танишҳои лафзӣ миёни тоҷикону узбекҳо дар шабакаи интернет изҳори нороҳатӣ карда, таъкид намудааст, ки ин ду халқ ҷудонашавандаанд.

18 апрел 2017, 12:32

ВАО: Аз шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия маводи тарканда ёфтаанд

Дар Ростови Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нигоҳ доштани маводи мунфаҷира дастгир шудааст.

18 апрел 2017, 11:42

Тазоҳуроти афғонҳо алайҳи мақомоти тоҷик: Раводид намедиҳанд...

Гуруҳи тоҷирони афғон алайҳи мушкили гирифтани раводиди Тоҷикистон дар Шерхонбандар даст ба тазоҳурот задаанд.

18 апрел 2017, 11:23

Нашри китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” бо 3 забон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз нашри китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бо теъдоди 10 ҳазор нусха хабар дод.

18 апрел 2017, 10:57

“Смартфони ҳаррӯза” аз Tcell – Беш аз 100 нафар соҳиби смартфон шуд!

Ширкати Tcell иқдоми наҷиби “Смартфони ҳаррӯза 2017”-ро баргузор мекунад. Ин иқдом 27 март оғоз шуда, то 15 май идома мекунад.

18 апрел 2017, 10:15

“Парасту-2017”: Кадом намоишномаҳо пешниҳод мешаванд?

Имрӯз дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” ба кори худ оғоз кард.

18 апрел 2017, 10:05

Даргузашти писари навраси Сурайё Қосим

Эмомалиҷони Хуршед, писари ноболиғи Сурайёи Қосим, овозхони маъруфи тоҷик, ки аз издивоҷи дуввумаш таваллуд шуда буд, шаби гузашта ҷон дод.

18 апрел 2017, 09:51

Шамолов: Ҷомеаи имрӯз шахсиятҳои монанди Суҳробро хеле кам дорад

Агар умр вафо мекард, Суҳроб Шарипов, сиёсатшиноси маъруфти тоҷик, ки бо ошкорбаёнӣ ва интиқодҳояш ҳамеша дар сархати расонаҳои кишвар қарор дошт, имрӯз ба синни 54 мерасид. Ӯ 19 январи соли 2015 бар асари бемории камхунӣ дар 52-солагӣ даргузашт. Онҳое ки Суҳроб Шариповро мешиносанд, аз ӯ як инсони ватандӯст, хоксор ва донишманду ҷасур ёд мекунанд.

18 апрел 2017, 08:35

Қазоқистон: Афви мансабдорони зиндонии муттаҳам дар фасод

Дар Қазоқистон мудири пешини ширкати "Остона ЭКСПО-2107" Ҳоҷимурод Усеновро, ки бо айби фасодкорӣ зиндонӣ шуда буд, озод карданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Усенов афв шудааст.

18 апрел 2017, 08:15

Боздошти Аброр Азимов, ки ташкилкунандаи таркиши Питераш мехонанд (ВИДЕО)

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) аз боздошти як зодаи Осиёи Миёна хабар дод ва ӯро ташкилкунандаи ҳамлаи хунин дар метрои Санкт-Петербург гуфт.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!