Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 02:10
/ Материалы за 19.04.2017
19 апрел 2017, 17:29

Бишкек: Бо Тошканд 1054 ва бо Душанбе 519 км марз мушаххас шуд

Узбакистон ва Қирғизистон беш аз 1000 километр марзашонро мушаххас ва аломатгузорӣ кардаанд.

19 апрел 2017, 17:22

Pajhwok: “Толибон” ҷавону духтарро то дами марг сангсор кардаанд

Аъзои гуруҳи “Толибон” як ҷавон ва як духтарро барои иртиботи ғайримашрӯъ сангсор кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Pajhwok” иттилоъ додааст.

19 апрел 2017, 16:16

Пешниҳоди вакил: Журналистон ҳам даромади худро эълом кунанд

Оқилбек Ҷаъфаров, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, рӯзноманигорон ҳам муваззаф шаванд, то дар бораи даромадҳои худ гузориш бидиҳанд.

19 апрел 2017, 15:43

“Ховар”: Туркия наҳзатиҳоро бадарға ва мамнуъ-ул-вуруд кард

Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон-“Ховар” иттилоъ додааст, ки Туркия аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз қаламраваш бадарға кард.

19 апрел 2017, 15:09

"Корфармо маоши ҷавони тоҷикро надода, ҳамзисташро ба танфурӯшӣ водор кардааст" (ВИДЕО)

Корфармои украинӣ дар Маскав, ки ҳаққи ҷавони тоҷикро надода, болои ин боз ҳамзисти ин ҷавонро ба танфурӯшӣ водор мекардааст, мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

19 апрел 2017, 14:34

Намояндаҳои Узбакистон ба хона-интернати Душанбе ширинӣ тақдим кардаанд (АКС)

Намояндаҳои Узбакистон ба хона-интернати Душанбе ширинӣ тақдим кардаанд

19 апрел 2017, 14:27

Озмоиши русу чиниҳо дар Тоҷикистон: Тавлиди тилло 40% арзон мешавад

Олимони Русия ва Чин усули нави истихроҷи тиллоро дар Тоҷикистон таҷриба кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо истифодаи ин усул арзиши тавлиди тиллоро 40 дарсад поин мебарад.

19 апрел 2017, 12:30

920 метр атлас-натиҷаи семоҳаи кори “Атласи Хуҷанд”

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, корхонаи “Атласи Хуҷанд” дар се моҳи соли ҷорӣ 920 метри мураббаъ атлас истеҳсол кардааст.

19 апрел 2017, 11:56

Рӯнамоӣ аз китоби Шакурзода ва намоиши филми “Нон ва шеър”-и Пураҳмад

Дар Хонаи синамои шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Саъдӣ аз китоби рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик Обид Шакурзода рӯнамоӣ мешавад.

19 апрел 2017, 11:34

Ифротгароӣ мавзӯи мулоқоти занони Хатлон

Сайдаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили динӣ дар ҳамоиши занон гуфт, нақши занон дар ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа ва ҷавонон муҳим аст. Вай хитоб ба занон афзуд, “шумо дар хона дигаронро огоҳ кунед ва хатари ифротгароиро ба дӯстону дугонаҳоятон расонед. Ҳарчизеро, ки ба шумо гуфтем бояд ба дигарон фаҳмонед, ин як амонат аст, ки бояд иҷро кунед. Ин дар роҳи амният, осоиштагӣ ва хушҳолиятон пурарзиш аст".

19 апрел 2017, 10:27

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД ва дастури Э.Раҳмон ба кадрҳои навтаъиншуда

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Насимзода Акбар Ғиёс сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ таъин гардидааст. Ӯ то ин вақт ба ҳайси муовин фаъолият мекард.

19 апрел 2017, 09:50

Роҳи оҳани Тоҷикистон: Вагонҳои чаппашуда барқарор шуданд (ВИДЕО)

Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, вагонҳое, ки шоми дирӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд чаппа шуданд, барқарор ва ба ҳаракат дароварда шудаанд.

19 апрел 2017, 09:19

Корманди Колеҷи тиббӣ бо гумони гирифтани 700 доллар пора боздошт шудааст

Кормандони пулиси вилояти Суғд як сокини 51-солаи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани ришва дастгир кардаанд.

19 апрел 2017, 09:00

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Олой”-и Қирғизистон

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 тими “Олой”, қаҳрамони футболи Қирғизистонро шикаст дод.

19 апрел 2017, 08:24

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси вакилони Душанбе ҳам шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт раиси Маҷлиси вакилони халқи Душанбе шуд.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!