Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 02:10
/ Материалы за 20.04.2017
20 апрел 2017, 17:34

ВКД дар шарҳи кушта шудани ду зодаи Осиёи Миёна дар Русия: Пайгирӣ дорем

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи маҳвсозии ду зодаи Осиёи Миёнаро аз сӯи кормандони ФСБ дар вилояти Владимир пайгирӣ мекунад. Расонаҳои русӣ онҳоро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.

20 апрел 2017, 16:34

Қӯрғонтеппа Бохтар мешавад: Номҳои пешниҳодиро ёрдамчии Президент напазируфтааст

Номҳои пешниҳодии олимони Академияи улуми Тоҷикистон барои тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро ёрдамчии Президент оид ба масалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода напазируфтааст.

20 апрел 2017, 16:25

Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед

Нодира Маҳмудова, модари Нозима, сокини Турсунзода, ки ба таври бераҳмона кушта шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, барои одилона баррасӣ намудани қазияи додгоҳӣ расидагӣ кунад. Ӯ дар як нома, ки нусхааш ба дасти “Озодагон” расид, талаб шудааст, ки ба парвандаи марги духтараш мавзӯи “таҷовуз” ҳам пайванд шавад.

20 апрел 2017, 15:39

Лавров: Талоши Оқохони IV танҳо барои исмоилиён нест (ВИДЕО)

Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон имрӯз, 20-уми апрел дар доираи сафараш ба шаҳри Маскав бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот ва гуфтушунид кард.

20 апрел 2017, 15:13

Пурсиш: Оё хабари маҷаллаи "Таймс" охирин иттилои марги Гулмурод Ҳалимов аст?

Нашрияи “Таймс” 15 апрел бо такя ба мақомоти низомии Ироқ хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон дар ғарби Мавсил – охирин пойгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқ ҳалок шудааст. Дар гузашта ҳам чанд бор хабари захм бардоштан ё ҳалокати Ҳалимов нашр шуда буд. Оё хабари маҷаллаи "Таймс" охирин иттилои марги Гулмурод Ҳалимов аст?

20 апрел 2017, 14:56

Озмуни IWPR барои инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ

Намояндагии созмони байналмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон барои иштирокчиёни тренинги “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” озмун эълон менамояд.

20 апрел 2017, 14:12

Созишнома барои вуруди сабукравҳои Узбакистон ба бозори Тоҷикистон

Ширкатҳои “Узавтосаноат”-и Узбакистон ва “Лесинвест”-и Тоҷикистон бо имзои як созишнома роҳи вуруди мошинҳои Узбакистонро ба Тоҷикистон ҳамвор кардаанд.

20 апрел 2017, 10:48

Бинои Маркази эпидемиологӣ ба коми оташ рафт

Бинои Маркази санитарӣ эпидемиологӣ дар ноҳияи Вахш ба коми оташ рафтааст.

20 апрел 2017, 10:30

Назарбоев ришу сиёҳпӯширо бегона хонда, хостори манъи он шуд

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон шими кӯтоҳу ришмонии мардон ва либоспӯшии сиёҳи занонро фарҳанги бегона хонда, даъват кардааст, ки масъалаи манъи он аз нигоҳи қонунӣ дида шавад.

20 апрел 2017, 10:12

Бозори расмии нақд: Қурби доллар коҳиш ёфт, рубл боло рафт

Бонкҳои Тоҷикистон қурби як долларро, ки аз ҳадди 9 сомонӣ гузашта буд, ахиран поин бурда, имрӯз, 20-уми апрел расман 8,85-8,88 сомонӣ муайян намудаанд.

20 апрел 2017, 09:50

Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ташхиси ултрасадои ҳамл

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо такя ба ояти 34-уми сураи “Луқмон” изҳор доштааст, ки он чи дар шиками занони ҳомила аст, писар ё духтар будани онро аз оғози марҳалаи нутфа то дамида шудани рӯҳ ба он фақат Худованд медонаду бас.

20 апрел 2017, 08:55

ВКД: Як мушти сокини масти ноҳияи А.Ҷомӣ сабаби ҳалокати сокини пойтахт шудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 44- солаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иттиҳоми куштори як сокини пойтахт хабар медиҳад.

20 апрел 2017, 08:28

Тамдиди муҳлати тағйири шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои муҳоҷирон дар Русия

Ба муҳоҷирони корие, ки дар Русия ронандагӣ мекунанд, иҷозат дода шуд боз як соли дигар бо шаҳодатномаҳои миллии худ фаъолият намоянд.

20 апрел 2017, 08:01

Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 20-уми апрел - 110-умин рӯзи сол. То поёни сол 255 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!