Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 13:40
/ Материалы за 21.04.2017
21 апрел 2017, 18:04

Олимов: “Тугмаи сабз”-и пайвастани Ҳинду Покистон ба “ШОС” пахш шуд

Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай мегӯяд, баъди узвияти Ҳиндустон ва Покистон ин созмон наздики 44%-и аҳолии курраи Заминро фаро хоҳад гирифт.

21 апрел 2017, 17:25

Ҳабси Акрам Азимов, гумонбари ташкили теракти Петербург

Гумонбари ташкили амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург Акрам Азимов бо қарори додгоҳи Басмани шаҳри Москва то 3 июн ба ҳабс гирифта шуд.

21 апрел 2017, 16:26

Рустами Эмомалӣ номи боз чор “пойтахт”-ро иваз намуд (НАВШУДА)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 21 апрел ба қарори раиси пешини Душанбе тағйирот ворид намуда, номи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Пойтахт-80”-ро ба “Аҳорун” иваз кардааст.

21 апрел 2017, 15:28

Матбуот метавонад сокинонро аз ифротгароӣ боздорад?

Бо вуҷуди ин ки мақомоти тоҷик мегӯянд, ифротгароӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш дорад ва суръати шомил шудани сокинон ба ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои ифротгаро кам шудааст, мубориза ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ сол то сол тақвият меёбад. Роҳҳои беҳтари ҷилавгирӣ аз тундгароӣ кадом аст? Заминаҳо, сабаб ва ангезаҳои тундгароӣ чист ва васоити ахбори омма дар ин самт чӣ нақш дорад? Рӯзноманигор Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар як суҳбати ихтисосӣ бо журналист ва таҳлилгари умури байналмилалӣ - Неъматуллоҳи Мирсаид ба ин ва чанд суоли дигар посух ҷӯст.

21 апрел 2017, 15:13

“Ҷопонии зодаи Амрико ба чашми тоҷик корд зад”

Як шаҳрванди Амрико ба чашми шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон корд задааст.

21 апрел 2017, 14:45

Дар Петроград як шаҳрванди Тоҷикистон аз ошёнаи сеюм афтидааст

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз ошёнаи сеюми сохтмоне дар Русия ба замин афтидааст.

21 апрел 2017, 12:37

Маскав: Шанбегӣ дар қабристон ва дуо дар ҳаққи қаҳрамонони Тоҷикистон

Бунёди хайриявии мусоидат ба ҳифзи модар ва кӯдак “Найди меня, мама!” дар қабристони "Донское"-и Маскав, ки дар он қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум дафн шудаанд, шанбегӣ гузарондаанд.

21 апрел 2017, 11:55

"Шпаргалка"-и Ҷайҳонӣ ба ёрдамчии Президент: Аз ислоҳи номи Қӯрғонтеппа то Мурғоб

Дирӯз хабаргузории “Озодагон” ба такя ба манобеи худ дар Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар сатҳи ҳукумат дар мавриди номгардон кардани маркази вилояти Хатлон аз Қӯрғонтеппа ба Бохтар тавофуқи лозим ҳосил шудааст. Баъди нашри гузориш вокунишҳои зиёде ворид шуд ва идора тасмим гирифт, ки дар ин замина мусоҳибае бо пажуҳишгари варзидаи ҷойномҳо Умед Ҷайҳонӣ анҷом диҳад.

21 апрел 2017, 11:38

Эълони ҳукми се муттаҳам дар қатли сарбоз Эҳсон Элчибеков

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбоз ва ду афсарро дар қатли Эҳсон Элчибеков муҷрим шинохт.

21 апрел 2017, 10:34

Душанбе: Боздошти 2 тоҷир барои сохтакории тамғаҳои аксизӣ

Маъмурини гумрук ду тоҷири бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанберо боздошт намудаанд, ки дар сохтакории тамғаҳои аксизии сигорҳои «ESSE» ва «PINE» муттаҳам мешаванд.

21 апрел 2017, 10:15

Се кушта ва ду маҷруҳи садамаи “Мерседес-Бенс” ва “Опел-Зефира” дар Шаҳристон

Дар пайи бархӯрди ду сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расидааст.

21 апрел 2017, 09:51

Ҷиноят дар пайи ишқварзӣ: Қотили Парвина таслим шуд

Салоҳиддин Додоҷонов, муттаҳам дар қатли Парвина Холиқоваи 34-сола ихтиёран ба мақомоти милиса ҳозир шуда, иқрор шудааст, ки собиқ маъшуқаашро ӯ куштааст.

21 апрел 2017, 09:50

Интихоботи Эрон: Руҳонӣ номзад шуд, Аҳмадинажод радди салоҳият

Шӯрои нигаҳбони Эрон аз миёни 1600 довталаб номзадии 6 нафарро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъйид кардааст.

21 апрел 2017, 09:13

Шикоят аз “бесабаб” гирифтани маблағи телефон ва тундгӯии кормандони “Билайн”

Як муштарии ширкати мобилии “Билайн” мегӯяд, ду рӯзи ахир аз тавозунаш маблағҳо бидуни огоҳӣ гирифта мешаванд.

21 апрел 2017, 08:46

“Вазири хориҷаи Эрон замони муносиб ба Тоҷикистон меравад”

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар замони “муқтазӣ” (тақозокунанда, дархур, муносиб) ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати хориҷаи ин кишвар дар посух ба суоли хабарнигорон изҳор доштааст.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!