Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 22 сентябр 2017, 14:59
/ Материалы за 26.04.2017
26 апрел 2017, 16:09

Оҷонсии зиддифасод: Зардаков маблағи беморонро тасарруф намудааст

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти хазинадори шӯъбаи муҳосиботи беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ хабар дод. Ашраф Зардаков дар “азхудкунии маблағҳо” муттаҳам мешавад.

26 апрел 2017, 15:19

Бонки миллӣ дар бораи сатҳи баланди таваррум ва омилҳои он

Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррумро дар моҳи март 1,5 дарсад нишон дода гуфтааст, он давоми чанд соли охир нишондоди баландтарин ба ҳисоб меравад.

26 апрел 2017, 15:10

Бунёди Оқохон соҳиби ягонаи Tcell шуд

Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ 60 дарсади саҳмияҳои Tcell-ро аз ширкати шведии Telia харида, соҳиби ягонаи бонуфузтарин ширкати мобилии Тоҷикистон шуд.

26 апрел 2017, 14:43

Tolonews: Теъдоди қурбониёни ҳамлаи хунини Балх ба 260 нафар расид

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъаи 21 апрел ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Балх ба 260 нафар расидааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolonews бо такя ба манобеаш хабар додааст. Аммо гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд ин рақам афзоиш меёбад.

26 апрел 2017, 12:49

Ҳушдори наҷотдиҳандагон аз ҳавои номусоид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 27 то 30-юми апрел кишварро боду ҳавои номусоид фаро хоҳад гирифт.

26 апрел 2017, 11:47

Зуҳуров: Коррупсионерҳо дер ё зуд ошкор мешаванд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” –ро қабул намуд.

26 апрел 2017, 11:22

Раиси Оҷонсии зидди фасод боздошти кормандонашро "махфӣ" хонд

17 корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” (АП) бо такя ба манобеи огоҳаш хабар додааст.

26 апрел 2017, 11:00

Парлумон синни нафақаи низомиёнро боло бурд: Ҳукумат хизмати алтернативиро баррасӣ дорад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” синни нафақаи низомиёнро боло бурд.

26 апрел 2017, 10:48

Мақоми дувуми қории тоҷик дар озмуни ҳофизони Қуръони Миср (ВИДЕО)

Айёмиддини Фахриддин, фарзанди як хонаводаи муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, дар 24-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Қоҳираи Миср мақоми дуввумро соҳиб шудааст.

26 апрел 2017, 10:37

Озодии матбуот-2017: Тоҷикистон мақоми 149 гирифт

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши ҷаддид дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додаанд.

26 апрел 2017, 09:34

Ҷанҷоли сарироҳии ҷавонон бо куштор анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷанҷоли сарироҳии ду ҷавон бо марги сокини 27-солаи шаҳри Душанбе анҷомид.

26 апрел 2017, 09:05

Бехонаҳо, фоҳишаҳо ва нашъамандони Туркманистон то анҷоми бозиҳои Осиё дар боздоштгоҳ мемонанд

Пулиси шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон амалиёти боздошти бехонаҳо, майнӯшҳо ва нашъамандонро аз сар гирифт.

26 апрел 2017, 08:20

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи Ортиқов, муттаҳам дар ҳамлаи террористии Русия маълумоте нест

Додгоҳи шаҳри Маскав ҳабси Содиқ Ортиқов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, муттаҳам дар ҳамлаи террористӣ ба метрои шаҳри Санкт –Петербургро қонунӣ хонд.

26 апрел 2017, 08:00

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 26-уми апрел - 116-умин рӯзи сол. То поёни сол 249 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!