Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 18 ноябр 2017, 17:20
/ Материалы за 27.04.2017
27 апрел 2017, 17:54

Ҳабси хонагии хеши Ислом Каримов дар Киев

Додситонии шаҳри Киев 24 апрел хабар дод, ки хеши Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон Акбаралӣ Абдуллоев аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфтааст. Абдуллоевро дар Ӯзбекистон бо гумони тақаллуби ҳуҷҷат ва дуздии садҳо миллион доллар дар пайгард қарор додаанд.

27 апрел 2017, 16:08

Даргузашти қории индонезӣ ҳангоми қироати Қуръон (ВИДЕО)

Шайх Ҷаъфар Абдураҳмон, қории маъруфи индонезӣ сешанбеи 25 апрел дар маросиме аснои қироати Қуръони Карим даргузаштааст.

27 апрел 2017, 16:08

Коҳиши қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон

Бонкҳои Тоҷикистон қурби як долларро, ки аз ҳадди 9 сомонӣ гузашта буд, ахиран поин бурда, имрӯз, 27-уми апрел расман 8,81-8,83 сомонӣ муайян намудаанд.

27 апрел 2017, 15:53

Муноқишаи ду майзада бо марг анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Малик Кабиров, сокини 44-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод.

27 апрел 2017, 15:01

“Мову Шумо наметавонем Оҷонсии зидди фасодро аз фасодкорон наҷот диҳем...”

Сару садоҳо дар бораи боздошти даҳҳо корманди собиқ ва феълии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чанд рӯз аст, ки дар сархати хабарҳо қарор дорад. Ҳарчанд масъулини ин ниҳод бо далели сирри тафтишот расман ин боздоштҳоро шарҳ надодаанд, аммо бино ба хабарҳо миёни дастгиршудаҳо афроди баландмақом низ ҳастанд. Дар робита “Озодагон” ин ҳафта аз соҳибназарон пурсид, ки МАГАР ВАҚТИ ОН РАСИДААСТ, КИ ОҶОНСИИ ЗИДДИ ФАСОДРО АЗ ФАСОДКОРОН МУҲОФИЗАТ КУНЕМ?

27 апрел 2017, 11:57

Озодиҳои динӣ: Мушовири Трамп хост, ИМА ба Тоҷикистон фишор биёрад

Комиссиюни байналмилалии озодии динии Амрико “USCIRF” дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсус нигаронкунанда” ворид кардааст.

27 апрел 2017, 11:08

Кӯмакхоҳӣ барои пайдо кардани Лоиқҷони 3-сола

Наздикони Лоиқҷон Абдуеви 3-сола, ки аз назди хонааш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бедарак шудааст, барои пайдо намудани ӯ кӯмак мехоҳанд.

27 апрел 2017, 10:36

15 соли зиндон барои гусели 5 тоҷик ба Сурияю Ироқ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Ҳакимов Ҷ-ро дар ифротгароӣ ва равон намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияю Ироқ гунаҳкор дониста, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

27 апрел 2017, 09:02

Ҳалокати пиёдагарди 17-сола зери чархи “Мерседес-Бенс”

Ронандаи сабукрави “Мерседес-Бенс” бехатарии ҳаракатро таъмин накарда, як ҷавонписари 17-соларо зер кардааст.

27 апрел 2017, 08:42

Давомнокии умр дар кишварҳои ҷаҳон (ИНФОГРАФИКА)

Дар рейтинги нишондоди давомнокии умри инсон дар соли 2017 Тоҷикистон дар зинаи 169 қарор дорад. Ин раддабандиро торнамои “geoba.se” нашр карда ва он 228 кишварро фаро мегирад. Ба нишондоди манбаъ, давомнокии умри инсон дар Тоҷикистон 68.08-ро ташкил медиҳад.

27 апрел 2017, 08:09

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 27-уми апрел - 117-умин рӯзи сол. То поёни сол 248 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!