Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 22 сентябр 2017, 14:59
/ Материалы за Май 2017 года
31 май 2017, 16:56

Трамп аз раҳбарони ҷаҳон хост, ба телефони худаш занг зананд

Президенти ИМА Доналд Трамп рақами телефони ҳамроҳи худро ба як қатор раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дода, пешниҳод кардааст, ки бо ӯ бевосита тамос гиранд. Ин амали Трамп нақзи протоколи дипломатӣ буда, хадамоти махсуси Амрикоро нигарон кардааст.

31 май 2017, 16:34

Таркиши Кобул 80 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Вазорати тандурустии Афғонистон теъдоди кушташудаҳои таркиши субҳи 31 май дар Кобулро 80 нафар гуфт. Расонаҳо аз қавли сухангӯи ин ниҳод ҳамчунин аз захмӣ шудани беш аз 320 нафар хабар медиҳанд.

31 май 2017, 16:28

Ятимов дар бораи илму амният, ДИИШ, ҲНИТ ва онҳое, ки “аз дур доди Ватанхоҳӣ мезананд”

Ба гуфтаи Ятимов ҳаракатҳое монанди “ДОИШ”, ҲНИТ, Ал-қоида ва дигарон ҳазорсолаҳо вуҷуд доштанд ва вуҷуд хоҳанд дошт: “Аз ин фоҷиа набояд сохт”.

31 май 2017, 15:31

Нархи навои “рамазонӣ” дар бозорҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (ИНФОГРАФИКА)

Чаҳоршанбеи 24 май се рӯз қабл аз шурӯи моҳи мубораки Рамазон хабарнигори “Озодагон” нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар ду бозори шаҳри Душанбе – “Шоҳмансур” ва “Саховат”-ро пурсид ва он дар шакли як ИНФОГРАФИКА пешниҳоди хонанда шуд. Он замон мо қавл додем, ки минбаъд то поёни Рамазон ҳар чаҳоршанбе нархҳоро муқоиса мекунем. Инак, имрӯз чаҳоршанбе аст ва хабарнигори “Озодагон” дубора ба “Шоҳмансур”-у “Саховат” сар зад. Ин ҳафта мо нархи маҳсулоти зарурӣ дар бозорҳои “Саховат”-и Кӯлобу “Панҷшанбе”-и Хуҷандро ҳам пурсидем.

31 май 2017, 14:36

Вазорат: Нақшаи даъват 100% иҷро шуд

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.

31 май 2017, 14:02

Баҳси кофтукоб ва боздошти муттаҳамон дар экстремизм

Кофтукоб ва боздошти муттаҳамон дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстримистидошта аз мавзӯҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.

31 май 2017, 12:09

Дастури Президент барои парвозҳо ба Чехия: Созишнома тасдиқ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон созишнома барои роҳандозии парвозҳо миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехро ба тасвиб расонд.

31 май 2017, 12:06

Дарозтарин замони рӯзадорӣ: 23 соату 5 дақиқа

Тӯлонитарин замони рӯзадориро мусалмонони Лапландия, Финляндия ва Швейтсия таҷриба мекунанд.

31 май 2017, 11:02

Сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизионҳо манъ шуд (ВИДЕО)

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ карданд.

31 май 2017, 10:54

ВКД боди афғониро сабаби сӯхтори 2 бозор хонд (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби сар задани сӯхтор дар ду бозори ноҳияи Фархор шамоли сахт мебошад, ки дар натиҷаи он ноқилҳои барқӣ оташ гирифтаанд.

31 май 2017, 10:13

Талоши дубораи Душанбе барои кӯмак: ХБА боз шарт гузошт

Мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки гуфтушунид бо Хазинаи байналмилалии асъор дар мавриди барномаи дастгирии иқтисодиёти кишвар аз сар гирифта шавад.

31 май 2017, 09:43

Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони “Alvarez&Marsal” вазъи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”-ро баррасӣ кардааст

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” дар Душанбе мулоқот кардааст.

31 май 2017, 09:13

Ҳалокати як ҷавони 18-сола дар “Кӯли Ҷавонон”

Як сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар “Кӯли Ҷавонон”-и пойтахт ғарқ шудааст.

31 май 2017, 08:46

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 31-уми май - 151-умин рӯзи сол. То поёни сол 214 рӯзи дигар монда.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!