Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 27 сентябр 2017, 01:02
/ Материалы за 03.05.2017
3 май 2017, 18:37

4 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Олой”-и Қирғизистон

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон дар даври чоруми марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2017 тими “Олой”-и Қирғизистонро шикаст дод.

3 май 2017, 17:10

“Худсонсурӣ мекунед, ҳама аз навиштан метарсанд”

Бархе созмонҳои байналмилалӣ, ки ба омӯзиши вазъи озодии баён ва ҳимояи ҳуқуқи инсон машғуланд, борҳо аз маҳдуд гардидани озодии баён дар Тоҷикистон гузориш додаанд. Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки вазъ сол то сол бадтар мешавад. Дар гузоришҳои имсола Тоҷикистон дар қатори “кишварҳои ноозод” қарор гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба ин хабарнигори “Озодагон” дар Рӯзи байналмилалии озодии баён аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ДУРНАМОИ ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН ЧИСТ?

3 май 2017, 16:55

Рӯдакӣ: Марди 64-сола зери қатор монд

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, шаби 30-юми апрел қатор дар роҳи оҳани Ваҳдат- Душанбе марди 64-соларо зер кардааст.

3 май 2017, 15:53

Ба курсии сармурабии “Ҳосилот” Ашӯрмамадов такя зад

Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи тими миллии Тоҷикистон сармураббии нави дастаи “Ҳосилот”-и Фархор таъин шудааст.

3 май 2017, 15:38

Гузориши аксӣ аз ҳамоиши бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии баён

Имрӯз, 3 май дар Душанбе аз Рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил шуд. Баъди анҷоми маърӯзаҳо, созмонҳои журналистӣ ҷоизаҳои ҳарсолаи худро тақдим карданд. Чанд акси бардоштаи хабарнигори “Озодагон” аз ин маросим пешниҳоди хонанда мегардад.

3 май 2017, 15:16

Ғаффоров ба ноиби генпрокурор: Чаро ҷабрдидаҳоро пеши дигарон равон мекунед?

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори расидагии беҳтари кормандони прокуратура ба шикояти шаҳрвандон шуд, то онҳо бо арзу додхоҳияшон саргардон нашаванд.

3 май 2017, 13:42

Ҷашни озодии матбуот ва тақдими ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони фаъол

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми май зимни таҷлили Рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар Душанбе аз қурбониёни роҳи озодии баён ёд карда, хабарнигорони фаъоли кишварро бо ҷоизаю дипломҳо қадрдонӣ намуданд.

3 май 2017, 12:56

Заминҷунбиҳо дар Рашт хонаҳоро хароб кард

Марказҳои зилзилашиносӣ соати 9:47-и имрӯз, 3-юми май дар минтақаи Рашти Тоҷикистон ду заминларза дар як дақиқаро сабт кардаанд, ки иқтидори якеаш дар марказ 5,9 бал ва дигар 4,6 балро ташкил додааст.

3 май 2017, 12:33

Савганд барои ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҳатмӣ шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули иловаҳо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” савгандро барои ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҳатмӣ кард.

3 май 2017, 12:13

Мақомот дар бораи фирори маҳбусон: Машқ кардем

Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд дар пасманзари хабарҳо дар бораи фирори маҳбусон аз зиндони шаҳри Хуҷанд изҳор доштанд, ки фирори шартии 5 маҳбус дар доираи тамриноти мақомот сурат гирифт.

3 май 2017, 08:13

Расонаҳо: Як зодаи Тоҷикистон раҳбари гуруҳи ҷангиёни узбак шудааст

Абу Юсуф, як зодаи Тоҷикистон ба ҷойи Шайх Салоҳиддин раҳбари гуруҳи ҷангиёни узбак дар Сурия интихоб шудааст. Ин хабарро “Озодлик” бо такя ба гузоришҳои мустақили масъулони гуруҳҳои ҷангӣ дар Сурия нашр кардааст.

3 май 2017, 07:22

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОШАНБЕ. 3-юми май - 123-юмин рӯзи сол. То поёни сол 242 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!