Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 27 сентябр 2017, 01:04
/ Материалы за 08.05.2017
8 май 2017, 17:21

Шикояти донишҷӯёни қазоқ аз ҷалби иҷборӣ ба сафи ҳизби президент

Хатмкунандагони донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон хабар доданд, ки аз онҳо барои ҳизби президентии "Нур Отан" маблағ ҷамъ меоранд ва бархеҳоро иҷборан ба сафи ҳизб ҷалб месозанд.

8 май 2017, 17:05

Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Иди Ғалаба табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои русаш барқияи табрикӣ гирифтааст. Дар ин нома Владимир Путин оқои Раҳмонро ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ шодбош гуфтааст.

8 май 2017, 16:22

Боздошти Белов, муттаҳами дигари қазияи “Хованск”

Мақомоти Русия Владимир Белов, яке аз иштирокдорони муноқишаи маргбори қабристони Ховански Маскавро боздошт кардаанд.

8 май 2017, 16:16

Тасдиқи нишони нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нишони нави ин ниҳодро тасдиқ кардаанд.

8 май 2017, 15:00

Интернети бехатар бо Tcell

Мо дар асри технологияҳои рақамӣ зиндагӣ мекунем ва беш аз 3,5 миллиард нафар дар саросари олам аз Интернет истифода мебаранд. Ин рақам мунтазам афзоиш меёбад.

8 май 2017, 15:00

80 ҳазор сомонӣ ҷаримаи сармуҳосиб барои заминфурӯшӣ

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ сармуҳосиби кооперативи истеҳсолии “Сайёд-2006”-ро 80 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, 4 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда маҳрум намуд.

8 май 2017, 12:55

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)

Таҳқиқоти мо дар бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб нишон дод, ки ин мақомот орӣ аз камбудӣ нестанд.

8 май 2017, 12:21

Наздикони 2 тоҷики кушташуда аз сӯи “ФСБ”: Онҳо муҳоҷири оддӣ буданд

Наздикони ду тоҷик, ки тибқи хабарҳо 19-уми апрел аз сӯи маъмурини “ФСБ” дар вилояти Владимир кушта шуданд, то ҳол натавонистаанд, ҷасади онҳоро пайдо ва асли қазияро муайян кунанд.

8 май 2017, 09:47

Душанбе интизори раисҷумҳури Доғистон

Рамазон Абдулатипов, раҳбари ҷумҳурии Доғистони Русия бо як сафари серӯза ба Душанбе меояд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

8 май 2017, 09:44

Ҳалокати се ҷавон зери чархи “Долун”

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се ҷавон дар пайи бархӯрди мошини “Мусо” бо “Долун” хабар доданд.

8 май 2017, 08:57

Баъд аз 72 соли Ғалаба дар ҶБВ (ИНФОГРАФИКА)

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон саҳми тоҷикистониёнро дар пирӯзӣ бар фашизм дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ хеле бузург унвон кард. Худобердӣ Холиқназар раҳбари ин марказ дар як ҳамоиши ихтисосёфта дар шаҳри Душанбе гуфт, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардуми тоҷик таҳти шиори “Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба” кору зиндагӣ намуда, дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми беназир гузоштаанд.

Аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар дар муҳорибаҳо алайҳи фашизм иштирок намуда ва 92 ҳазор тани онҳо барнагаштанд. Хабарнигори “Озодагон” дар арафаи 72-юмин согарди Ғалаба дар ҶБВ муҳимтарин нуктаҳои марбут ба ин ҷангро гирд овардааст.

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!