Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 09:44
/ Материалы за 16.05.2017
16 май 2017, 17:37

Панҷ куштаи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои истироҳат

Дар пайи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои 13 ва 14 май дар қаламрави Тоҷикистон панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.

16 май 2017, 16:33

“Толибон”-ро аз як минтақаи дигари ҳаммарзи Тоҷикистон ронданд

Ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон аз асорати “Толибон” раҳо шудааст.

16 май 2017, 12:27

Устоев хостааст, барои сарват ба Сурия биравад

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Олим Устоевро барои қасди ҷиноят ва зархаридӣ гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

16 май 2017, 11:39

Пулис занозанӣ дар яке аз масҷидҳои Қирғизистонро таҳқиқ мекунад

Раёсати умури дохилии вилояти Чуйи Қирғизистон тафтиши навори занозаниро дар яке аз масҷидҳои ин вилоят оғоз кардааст. Идораи руҳониёни мусулмонони Қирғизистон ҳодисаро ҷанҷоли бемаънии ду мард меномад.

16 май 2017, 11:19

Фатвои Шӯрои уламо: Ирсоли “sms”-ҳо барои кушоиши кор дуруст аст?

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи паёмаку номаҳое, ки гӯиё фиристодани онҳо ба чанд кас кушоиши кор меорад, шарҳ додааст.

16 май 2017, 11:04

Боздошти донишҷӯи тоҷик дар Белорус: Барои зиндагии беҳтар қасди Олмон доштааст

Хадамоти марзбонии Белорус аз боздошти як донишҷӯйи 23-солаи тоҷик бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз хабар додааст.

16 май 2017, 10:31

Масъули Оҷонсӣ: Аз кирдорҳое, ки шаъну шарафи хизматчиёни давлатиро паст мезанад, худдорӣ намоед

Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар як нишасти муштарак дар Душанбе масоили ҷилавгирӣ аз зуҳуроти коррупсиониро ба баррасӣ гирифтаанд.

16 май 2017, 09:40

Занҳо дар парлумон. Аз соли 1938 то имрӯз (ИНФОГРАФИКА)

Аз миёни 279 вакили парлумони даъвати якуми Шӯрои олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (1938-1974) 89 нафарро ҷинси латиф ташкил медод. Дар даъватҳои дигар омор чӣ гуна буд? Дар ИНФОГРАФИКАИ “Озодагон” бубинед.

16 май 2017, 08:00

Таърихи имрӯз: Мавлуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 16-уми май - 136-умин рӯзи сол. То поёни сол 229 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!