Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 09:44
/ Материалы за 17.05.2017
17 май 2017, 17:09

32671 сомонию 89 дирам. Арзиши ҳаҷ барои зоирони тоҷик

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нархи хизматрасониҳоро барои мавсими Ҳаҷ-2017 муайян кардааст.

17 май 2017, 16:27

Ғаффоров ба генерал: Чаро роҳкирои барзиёду сарбории нақлиётро нодида мегиред?

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 17 май дар парлумон дар ҳузури генерал Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ масъалаи барзиёд гирифтани роҳкиро ва аз меъёр зиёд савор кардани мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён гузошт.

17 май 2017, 15:41

90 000 сомонӣ ба се маҳаллаи беҳтарини Суғд

Дар шимоли Тоҷикистон озмуни вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” роҳандозӣ шудааст. Ғолибони се зинаи аввал дар маҷмӯъ соҳиби 90 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.

17 май 2017, 15:15

“Амри маъруф”-и Абдуқаҳҳор ба “фанатик”-ҳои фаъолу зиёиёни хомӯш

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бо нашри як матлаб аз фаъолии “фанатик”-ҳои нимаколасаводнок ва хомӯшии зиёиёни тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интиқод кардааст.

17 май 2017, 14:46

Э.Раҳмон ва М.Станикзай аз тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ гуфтаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

17 май 2017, 14:20

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Ҳеч ҳамосаи ҷаҳонӣ бо “Шоҳнома” ҳамсангу ҳамвазн нест

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро шоҳкории беназир унвон карда, таъкид намудааст, “ҳеч ҳамосаи ҷаҳонӣ бо ин беҳин номаи бостон ҳамсангу ҳамвазн нест”.

17 май 2017, 11:41

Оҷонсии зидди фасод, “амвол”-и пинҳони вазиронро ошкор мекунад (ВИДЕО)

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон масъул шудааст, то дуруғгӯии аъзои ҳукумат ва пайвандонашонро дар бораи дороии онҳо ошкор кунад.

17 май 2017, 11:11

Боздошти як зани 24-сола бо гумони ҷалби занон ба танфурӯшӣ дар Туркия

Як зани 24-сола бо иттиҳоми ҷалби занон барои истисмори шаҳвонӣ дар хориҷи кишвар боздошт шудааст .

17 май 2017, 11:03

Вазир: Дар САҲШ танҳо ҳуқуқшиносҳо кор хоҳанд кард

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, тағйирот ба қонунгузории кишварро муаррифӣ кард, ки бар асоси он минбаъд дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, “САҲШ”, танҳо афроде ҳаққи кор кардан доранд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд.

17 май 2017, 10:33

Қонуни нав: Дороии пайвандони вазирон санҷида мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки бар асоси он дороии наздикони аъзои ҳукумат зери назорат гирифта мешавад.

17 май 2017, 10:13

Латту кӯби як корманди пулис дар Кӯлоб

Шаби гузашта як корманди 24-солаи Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст.

17 май 2017, 09:06

Сабқати Осиё-2017: Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шикаст хӯрд

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал дар нахустин дидораш дар мусобиқоти Осиё-2017 ба нокомӣ рӯбарӯ шуд.

17 май 2017, 08:28

Русия Халифаевро ба Тоҷикистон истирдод мекунад. Ӯро то 12 соли ҳабс интизор аст

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, ба ватан истирдод мекунанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!