/ Материалы за 19.05.2017
19 май 2017, 16:38
Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, 19 май 1300 китобро аз номи сокинони шаҳрҳои Боулдер ва Денвери иёлати Колорадои ин кишвар ба сокинони шаҳри Душанбе тақдим намудааст.
19 май 2017, 16:25
Аҳолии Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама камтар машрубот истеъмол мекардаанд. Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳисоби миёна, ба ҳар сокини аз 15-сола болои Тоҷикистон дар сол 2,9 литр спирти тоза рост меояд. Вазъи кишварҳои дигар чӣ гуна аст? Дар ин ИНФОГРАФИКА бубинед
19 май 2017, 15:50
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Индира Ҷолдубоева дар мавриди ҷилавгирӣ аз танишҳои марзӣ ва табодули иттилоъ дар бораи террористон созиш кардаанд.
19 май 2017, 15:32
14 сарояндаи ҷавон ба даври финалии Ҷоизаи мусиқии Боб дар Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Исми ғолибон 27 май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон эълон мешавад.
19 май 2017, 14:58
Хисороти аз боришоти зиёди борон ва омадани сел дар сойҳои Ашт давоми моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин ноҳия расида, беш аз 740 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
19 май 2017, 14:19
Субҳи имрӯз, ҷумъаи 19 май ҳавзаҳои интихоботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дарҳои худро ба рӯи раъйдиҳандаҳо боз карданд. Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, ин ҳавзаҳо то соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ фаъол хоҳанд буд.
19 май 2017, 11:40
Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон пайвастшавии ғайриихтиёри бархе аз шаҳрвандонро ба хидматрасониҳои пулакии ширкатҳои мобилии кишвар ба миён гузоштааст.
19 май 2017, 10:51
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон намоиш-фурӯши қолинҳои Қайроққум оғоз ба кор намуд.
19 май 2017, 09:52
Пулиси Ню-Йорки Амрико гуфтааст, ҳеч маълумоте дар мавриди иртиботи ронандаи мошини ба одамон бархӯрда бо созмонҳои террористӣ мавҷуд нест.
19 май 2017, 09:50
Панҷ кӯдаки тоҷик, ки модаронашон дар Маскав баъди таваллуд аз онҳо даст кашидаанд, ҳафтаи равон ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.
19 май 2017, 09:17
Тахриби бинои “Планетарий” ё “Афлокнамо” дар шаҳри Хуҷанд оғоз шудааст. Он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ягона маконе буд, ки одамон имкон доштанд, ҳаракати Замину Моҳ ва сайёраҳои дигарро мушоҳида намоянд.
19 май 2017, 08:51
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як гузориши телевизионӣ ба масъалаи тавақуфгоҳҳо дар назди беморхонаи Қарияи Боло дахл кард.
19 май 2017, 08:03
ҶУМЪА. 19-уми май - 139-умин рӯзи сол. То поёни сол 226 рӯзи дигар монда.