Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 11 декабр 2017, 14:11
/ Материалы за 24.05.2017
24 май 2017, 17:42

Питер: Муҳоҷири тоҷик зери бетон ҷон дод

Мақомоти Русия ҳолати марги муҳоҷири 34-солаи тоҷикро, ки шоми 23-юми май дар майдони сохтмони "ПромстройМонтаж" дар Санкт Петербург ҷон додааст, таҳқиқ мекунанд.

24 май 2017, 15:54

Пеш аз Рамазон: Нарху наво дар бозорҳо чӣ гуна аст? (ИНФОГРАФИКА)

Хабарнигори “Озодагон” се рӯз қабл аз расидани рӯзи аввали Рамазон ба ду бозори калони шаҳри Душанбе – “Шоҳмансур” ва “Саховат” рафт ва нархи бархе маҳсулоти заруриро пурсид. Мо талош мекунем, ҳафтае як маротиба, то поёни моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти дар зер овардаро дар ин ду бозор пешниҳод намоем.

24 май 2017, 15:33

Сулаймонзода сохтакорӣ будани ташхиси “Био Папа”-ро рад кард

Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био-Папа"-и шаҳри Маскав дар парвандаи Зайд Саидовро беасос хондааст.

24 май 2017, 15:10

Amnesty International: Ҳомиёни ҳуқуқ ҳангоми иҷрои фаъолиятҳои касбӣ бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд

Созмони афви байналмилал ё Amnesty International (AI) мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон вакилони мудофеъ, ба вижа онҳоеро, ки интиқодгарони ҳукуматро ҳимоят мекунанд, сахт саркӯб менамояд.

24 май 2017, 14:01

Ҳалокати 3 нафар дар ду рӯз дар “Баҳри Тоҷик” ва даъвати Ситод: Дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунед

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз дарёфти ҷасади ду ноболиғ ва як прапоршики 23-сола дар соҳили “Баҳри тоҷик” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин афрод рӯзҳои 20 ва 21 май ғарқ шудаанд.

24 май 2017, 11:49

Э.Раҳмон корҳои вазнин барои занонро мамнуъ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон корҳои вазнин ва зарароварро барои занони кишвар мамнуъ кард.

24 май 2017, 11:40

Нигаронии сокинони Ишкошими Бадахшон аз афзоиши уштурдуздӣ

Сокинони рустои Исори ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро дуздида шудани уштурҳояшон нигарон кардааст. Давоми як моҳи ахир аз ин деҳа дасти кам 9 уштурро рабудаанд.

24 май 2017, 10:10

Ҳамлаи ноболиғони мусаллаҳ бо корд ба мағоза дар Ваҳдат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ ноболиғон ва ҷавонон хабар дод, ки дар қасди роҳзании мусаллаҳона айбдор мешаванд.

24 май 2017, 09:44

Ҳунармандони тоҷик зери раҳбарии Зевар Давлатзода ба Туркманистон мераванд

Аз 27 май то 2 июни соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд.

24 май 2017, 08:30

Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз шоу-консерти бахшида ба Рӯзи ҷавонон (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шоу-консерти идона, бахшида ба Рӯзи ҷавонон баҳои баланд дод.

24 май 2017, 07:20

Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 24-уми май. 144-умин рӯзи сол. То поёни сол 221 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!