Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 26 сентябр 2017, 08:41
/ Материалы за Июн 2017 года
30 июн 2017, 17:28

АКС: Қадрдонии чӯпон барои наҷоти сокинони 1 деҳа дар Панҷакент

Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, як чӯпоне, ки сокинони деҳаи “Амондара”-и шаҳри Панҷакентро аз фаромадани сел огоҳ карда, ҷонашонро наҷот додааст, медали фахрӣ тақдим намуд.

30 июн 2017, 16:30

Тағйирот: Аз вазифаи нави котиби Э.Раҳмон то барканории котиби Расулзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Нуъмон Абдуғаффорзодаро раиси Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин намудааст.

30 июн 2017, 13:03

Эрон ҳалокати Бағдодиро тасдиқ кард

Низомиёни Эрон ҳалокати Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии ДОИШ-ро тасдиқ кардаанд.

30 июн 2017, 12:35

Лағви қарор дар бораи вуруди беиҷозати амниятиҳо ба хонаҳои мардум

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”-ро, ки тирамоҳи соли гузашта қабул карда буд, имрӯз, 30-юми июн бекор намуд.

30 июн 2017, 11:47

Криштиану падари дугоникҳо шуд: Модарашон боз номаълум...

Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи ҷаҳон ҳамлагари мунтахаби Португалия ва клуби “Реал”-и Мадрид падари дугоникҳо шудааст.

30 июн 2017, 11:40

Эълони ҳукми ронандаи боркаши “Volvo”, ки сабаби марги 7 муҳоҷири меҳнатӣ шуд

Додгоҳе дар ноҳияи Петрови вилояти Саратов ронандаи 32-солаи боркаши “Volvo”-ро дар марги 7 нафар муҷрим шинохта ва барои 4 сол равонаи зиндон кард.

30 июн 2017, 11:29

Исломшиноси № 1 гуфт, Э.Раҳмон сифати таваккул ба Худо карданро дорад

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон Ваҳдати миллиро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, ки дар сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллии тоҷикон чанд омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ доштанд.

30 июн 2017, 10:51

Барканории сардори Шӯъбае, ки лейтинанти калон Марям Шарифзода кор мекард

Сардори Шӯъбаи маркази иттилоотии қисми минтақаии РКД дар вилояти Хатлон аз вазифа барканор шудааст. Қаблан, дар бораи аз вазифа сабукдуш шудани як корманди дигари ин шӯъба -- лейтинанти калон Марям Шарифзода хабар расида буд. Хонум Шарифзода нафарест, ки шаби 16 майи соли равон дар атрофи манзили зисташ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта буд.

30 июн 2017, 09:34

Интиқоди раис аз арақи пастсифат дар ВМКБ: Аз 3 то 5 сомонӣ нарх дорад...

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сифати арақро дар вилоят паст арзёбӣ карда, омори марбут ба истеҳсолу муомилоти машруботро шубҳаовар хондааст.

29 июн 2017, 18:42

Тағйироти кадрӣ: Аз нафақаи Саидзода то мақомҳои нави Шерзодаю Абдурашидзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон баъзе тағйироти кадриро амалӣ кардааст/

29 июн 2017, 16:35

Узбакистон: Аввал пули обу барқ, баъд Ҳаҷ

Имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Тошканди Узбакистон Қорӣ Анвар Турсунов аз сокинони ин кишвар даъват кардааст, қарзи худро аз пули обу барқ ва газ сари вақт пардохт кунанд. Ӯ гуфт, ҳар касе, ки аз ин ҳисоб қарздор аст, наметавонад ба Ҳаҷ биравад.

29 июн 2017, 16:07

Модари Михаил мегӯяд, писараш дар пайи таъхиркории табибон даргузашт

Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, бо далели таъхиркории табибон дар ҷарроҳии писараш, фарзандашро аз даст дод.

29 июн 2017, 15:37

Э.Раҳмон Бердимуҳаммедовро бо 60-солагияш шодбош гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29 июн, телефонӣ ҳамтои туркманаш Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро бо 60-умин солгарди зодрӯзаш шодбош гуфтааст.

29 июн 2017, 15:17

Ширкати Tcell часпандаҳоро барои муошират дар Viber муаррифӣ мекунад

Барои корбарони яке аз маъруфтарин мессенҷерҳои муосир – Viber барои бо эҳсоси бештар ва баёни ҳисси худ ҳангоми гуфтугӯ бо рафиқон ва наздикон имконоти ҷадид фароҳам мешавад.

29 июн 2017, 14:58

А.Абдуқаҳҳор: Раиси Кумита маро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил намудааст

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори феълии Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, собиқ раиси телевизиони “Пойтахт” директори радиои Тоҷикистон, мегӯяд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!