Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 05:24
/ Материалы за 01.06.2017
1 июн 2017, 17:15

Дар Тоҷикистон боз як сомонаи хабарӣ фаъол шуд

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ) сомонаи нави хабариеро бо номи sugdnews.tj фаъол кардааст.

1 июн 2017, 17:02

Ҳиллари Клинтон дар бохташ Фейсбукро гунаҳкор кард

Ҳилларӣ Клинтон, собиқ Котиби давлатии Амрико яке аз сабабҳои бохташ дар интихоботи президентиро ба шабакаи Facebook рабт додааст. Ӯ гуфта, паҳн кардани иттилои бардурӯғ тавассути ин шабака омили мағлубияташ шуд.

1 июн 2017, 16:55

Бунёди Сорос роҳҳои рушди зудҳангоми кӯдаконро меомӯзад

Барномаи “Инкишофи барвақтии кӯдак”-и Институти “Ҷамъияти Кушода”–Бунёди Мадад дар Тоҷикистон давраи бозомӯзиеро баргузор мекунад, ки дар он равандҳои фарогири кӯдакон, волидон ва муаллимон аз кӯдакии зудҳангом омӯзонда мешавад.

1 июн 2017, 16:26

Раиси бозори “Деҳқон” аз вазифа барканор шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе Зиёвиддин Наҷмиддинов, раиси бозори “Деҳқон”-и пойтахтро аз мақомаш барканор кардааст.

1 июн 2017, 15:50

“Эй модар, падар, мо лахти ҷигар”. Гузориш аз Хонаи кӯдакони №1 (АКС+ВИДЕО)

Доштани соат, ҷузвдони духтаронаи зинҷирадор, лухтак ва либоси “Бен тен” аз асоситарин орзуҳои Нозанин, Самеъ, Сумайя ва аксари тифлакони Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе мебошад.

1 июн 2017, 14:26

Шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дигар дар Русия лозим намешавад?

Шурӯъ аз имрӯз, 1 июн муҳоҷирони тоҷик бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон ҳаққи мусофиркашонӣ дар Русияро надоранд.

1 июн 2017, 13:42

Гузориши аксӣ аз таҷлили Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон дар Кӯлоб

Дар Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб аз Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ҷашн гирифтанд.

1 июн 2017, 11:59

Соҳибони “калла”-ҳои чандмиллиондолларӣ киҳоянд? (ИНФОГРАФИКА)

Моҳи августи соли 2016 Ҳукумати ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ба “ДИИШ” пайваст, то 3 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард. Давоми 9 моҳ касе ба гирифтани ин ҷоиза муваффақ нашуд, аммо расонаҳо дар бораи кушта шудани Ҳалимов борҳо хабар нашр карданд. Зимнан, ин бори аввал нест, ки Амрико барои пешниҳоди маълумот дар бораи афроди таҳти пайгард ҷоиза ваъда медиҳад. “Озодагон” гаронтарин ҷоизаҳои эълоншуда дар чанд соли ахирро гирд овард.

1 июн 2017, 11:06

Таъини прокурорҳо дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар ва дастури Э.Раҳмон ба вазорату идораҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои низомии кишвар як қатор таъиноти кадрӣ амалӣ намудаааст. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин таъинотҳо имрӯз, 1 июн зимни машварати корӣ амалӣ шуданд.

1 июн 2017, 10:46

Вин Дизел дар бораи Рамазон: Барои ҳар нафар чунин таҷриба муфид аст (ВИДЕО)

Вин Дизел, ҳунарманди шинохтаи синамо дар як навори кутоҳи видеоӣ аз моҳи Рамазон тавсиф кардааст.

1 июн 2017, 10:15

“Истиқлол” ба даври баъдии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳ ёфт

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ба даври баъдии бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳ ёфт.

1 июн 2017, 09:58

Талоши сокини Норак барои ба Маскав бурдани тангаҳои таърихӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини 39-солаи шаҳри Норакро бо иттиҳоми қасди ба Русия бурдани тангаҳои таърихӣ боздошт кардааст.

1 июн 2017, 09:38

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 1-уми июн - 152-юмин рӯзи сол. То поёни сол 213 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!