Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 05:25
/ Материалы за 02.06.2017
2 июн 2017, 17:47

Иброҳим Усмонов: Сулҳе ки ба он расидем, формулаи Эмомалӣ Раҳмон буд

Маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бо як дақиқаи сукут ба хотири қурбониёни рӯзи чаҳоршанбеи Кобул оғоз шуд. Субҳи 31 май дар пайи як инфиҷори шадид дар пойтахти Афғонистон 80 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ гардид.

2 июн 2017, 17:06

ВКД ҷузъиёти ҳамла ба афсари КДАМ-ро шаҳр дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамла ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кӯлоб дар пайи хусумат ва қасос сурат гирифтааст.

2 июн 2017, 16:28

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро як зина беҳтар кард

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки дирӯз, 1 июн нашр шуд, мавқеашро як зина тағйир додааст.

2 июн 2017, 15:31

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Расонаҳои Афғонистон аз захмӣ шудани шуморе аз тазоҳургарони Кобул хабар додаанд. Ба гузориши телевизиони “Тулӯъ нюс”, шуморе аз муътаризин пас аз шиллики пулис захмӣ шудаанд. Ин тазоҳуроти густарда имрӯз, 2 июн дар пайи инфиҷори ду рӯз пеш дар Кобул бо номи “Хаста аз марг ба сӯйи Арг. Аз саросари Кобул ба тарафи Арг” роҳандозӣ шудааст.

2 июн 2017, 14:47

Имом-хатиб: Волидони ноболиғоне, ки ба масҷид меоянд, ҷарима мешаванд

Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Қарамишқори пойтахт мегӯяд, аз ин ба баъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар назди масҷидҳои шаҳри Душанбе истода ва ҳар ноболиғеро, ки барои адои намози таровеҳ меояд, сабти ном ва волидонашро ҷарима мекунанд.

2 июн 2017, 13:58

Ошкор шудани наздики 500 телефони мобили қочоқӣ дар Суғд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани 480 телефони мобилии тамғаи “Samsung SM-B350E”-и истеҳсоли Чин хабар додааст, ки “бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ” аз Қирғизистон ворид гардидааст.

2 июн 2017, 12:19

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 ба Қазоқистон меравад.

2 июн 2017, 12:07

Шӯрои уламо: Агар масҷид иҷозати расмӣ надорад, наметавонед намози ҷумъа бихонед

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хондани намози ҷумъаро дар масоҷиде, ки иҷозаи расмӣ барои адо кардани намози ҷумъаро надоранд, ҷоиз намедонад.

2 июн 2017, 11:23

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Дар Душанбе хиёбоне ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод кардааст, дар пойтахти кишвар ба хиёбоне номи Аҳмадшоҳи Масъуд дода шавад.

2 июн 2017, 10:55

Манбаъ: Раисони бозорҳои “Шоҳмансур”-у “Деҳқон” бо хоҳиши худ аз вазифа рафтанд

Шаҳрдорӣ далели барканории раисони ду бозори калони Душанбе – “Шоҳмансур”-у “Деҳқон”-ро шарҳ дод.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!