Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 16 декабр 2017, 00:43
/ Материалы за 08.06.2017
8 июн 2017, 17:28

Муноқишаи ду соҳибкори чинӣ дар Душанбе бо марг анҷомид

Як соҳибкори чинӣ дар шаҳри Душанбе аз дасти ҳамватани худ кушта шудааст.

8 июн 2017, 15:56

Ҷавоне, ки муҳоҷири тоҷикро латту кӯб ва навори онро дар интернет нашр кард, ба зиндон нарафт

Як сокини 21-солаи Воронеж барои латту кӯби муҳоҷири тоҷик ва нашри навори ин ҳамла дар интернет шартан ду сол аз озодӣ маҳрум шуд.

8 июн 2017, 15:26

Шиноснома надорӣ? Дари марказҳои дилхушӣ ба рӯят баста аст!

Шахсони болиғ аз ин ба баъд танҳо бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият шабона иҷозаи вуруд ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳоро хоҳанд дошт. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе қароре имзо кардааст.

8 июн 2017, 14:49

Нашри “Ойини ойина”-китоби шоири тоҷик дар Эрон

"Ойини ойина" маҷмӯаи ҷадиди ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоири ғазалсарои ҷавони тоҷик дар интишороти "Утоқи обӣ"- шаҳри Теҳрон бо теъдоди 1000 нусха мунташир шуд.

8 июн 2017, 14:30

Стратег ба вазир: Корманди ВКД 300 сомонӣ пора хост

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, корманди Вазорати умури дохилӣ барои додани як маълумотнома аз ӯ 300 сомонӣ пора хостааст.

8 июн 2017, 13:03

Э.Раҳмон барои пазируфтани Ҳинду Покистон ба СҲШ рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми июн барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафт.

8 июн 2017, 12:14

Иттифоқ: “Валлоҳ, на отпуска мегирию на отпускапулӣ” (ВИДЕО)

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон алайҳи истисмори меҳнатии шаҳрвандони кишвар маъракаи густурдаи иттилоотӣ-таблиғотиро роҳандозӣ кардаанд.

8 июн 2017, 11:10

Боздиди иштирокчиёни Press-СlubTojikiston аз нуқтаҳои такягоҳии Tcell дар Шахринаву Шоҳамбарӣ

Ширкати Tcell барои иштирокчиёни Press-СlubTojikiston, ки аъзояш аз котибони матбуотӣ, муттахассисони умури PR, ташкилотҳои байналмилалии сабтшуда дар Тоҷикистон иборат аст, пресс-тур доир кард.

8 июн 2017, 10:15

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳо ба Теҳронро “ҷинояти золимонаи террористон” номида, онро шадидан маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду ҳамлаи террористӣ ба пойтахти Эронро шадидан маҳкум кардааст.

8 июн 2017, 10:04

HRW: Дабири СММ озодии Қудратов, Ёров,...-ро талаб кунад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар “Human Rights Watch” аз Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостааст, аз 8 то 13-уми июн, зимни нахустин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар меҳвари мулоқотҳояш қарор диҳад.

8 июн 2017, 10:02

Духтараки укроинӣ бо қироати Қуръон шабакаҳои иҷтимоиро тасхир кард (ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду навори қироати чанд сураи Қуръони карим аз сӯи як духтарчаи укроинӣ дар чархиш аст.

8 июн 2017, 09:15

Истиқболи Бонки Ҷаҳонӣ аз гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадидаш дар бораи рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2017-2018 аз гармшавии муносибот миёни кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон истиқбол кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!