Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 21:38
/ Материалы за 19.06.2017
19 июн 2017, 17:48

Порлумон ва памперс

19 июн 2017, 15:05

Ошкор шудани садсомонаҳои қалбакӣ дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавони 21-сола бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ хабар медиҳад.

19 июн 2017, 14:33

Президент хостори муҷозоти муллоҳое шуд, ки никоҳи занҳои дувумро мехонанд

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон гуфтааст, ҳар муллое, ки маросими акди никоҳи зани дуввумро мехонад, назди қонун ҷавоб мегӯяд.

19 июн 2017, 14:12

Таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикистон зиёд шудааст

Тоҷикистон бори аввал ба 50-гонаи кишварҳое шомил шуд, ки русҳо ба сайёҳат рафтан мехоҳанд.

19 июн 2017, 13:41

Шарҳи расмии садамаи пурқурбонӣ дар Восеъ: “Мерседес” муқобил баромад...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Восеъро, ки 7 кушта барҷой гузошт, шарҳ дод.

19 июн 2017, 12:54

Коҳиши қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон

Қурби доллар ва рубл дар бозори асъори Тоҷикистон майли поинравӣ дорад.

19 июн 2017, 11:56

Русия дар Тоҷикистон ёдгории низомӣ мегузорад

Пойгоҳи ҳарбии 201-ум Русия тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон лавҳаи ёдгории се насли сарбозону афсарони Шӯравиро бунёд кунад.

19 июн 2017, 11:10

Ғарқшавии модару духтар ва 4 нафари дигар дар рӯзҳои истироҳат

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Тоҷикистон боз 6 нафари дигар ғарқ шуданд, ки 3 нафарашон ноболиғон мебошанд.

19 июн 2017, 10:27

Роҳбандӣ дар рӯзи Ваҳдат: БДА роҳҳои иловагиро нишон дод

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки 27-уми июн зимни таҷлили 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

19 июн 2017, 10:12

Боздошти се ҷавон дар робита ба латту кӯб ва ғорати як сарроф аз Исфара

Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти 3 сокини аз 20 то 35-cолаи ноҳияи Исфара бо гумони латту кӯби як сарроф ва ғорати маблағи зиёди ӯ хабар медиҳад.

19 июн 2017, 09:56

АКС: Шиорҳои Рӯзи Ваҳдат дар Ваҳдат

Имсол чорабиниҳои аслии таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат сурат мегиранд. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам 27 июн ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, дар маросими идона иштирок кунад. Зимнан, ҳамарӯза садҳо хонандаи мактаб дар ҳавои тафсон ба “маршировка” меоянд ва сохтмончиҳо барои то он рӯз омода кардани иншоотҳои ҷашнӣ талош мекунанд. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳам бо шиору овезаҳо “рангин” шудааст. Хабарнигори “Озодагон” чанд аксе аз ин шиору овезаҳо бардоштааст, ки пешниҳоди хонандаҳо низ мешавад.

19 июн 2017, 09:30

Суол аз Шӯрои уламо: Чаро болои масоҷид сурати моҳтоб мегузоранд?

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон далели болои масоҷид гузоштани сурати моҳтобро шарҳ додааст.

19 июн 2017, 09:30

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба сабқати Осиё-2018 Мубин Эргашев омода мекунад

Мубин Эргашев сармураббии тими ҷавонон (U-19) таъйин шудааст. Ӯ сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор ҳам ҳаст.

19 июн 2017, 09:16

Суқути даҳҳо рустои ҳаммарз бо Тоҷикистон ба дасти “Толибон”

Ҷангиёни гуруҳи тундрави “Толибон” даҳҳои рустои музофоти Тахорро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, зери назорати худ даровардаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!