Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 19:03
/ Материалы за 03.07.2017
3 июл 2017, 18:48

Ҳалокати муҳоҷири 21-солаи тоҷик ҳангоми таъмири мурғхона

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи кандашавии девор ва фурӯ рехтани шифти корхонаи мурғпарварӣ дар шаҳраки Иртишски вилояти Омск ҷавони 21-солаи тоҷик ҷон додааст.

3 июл 2017, 16:23

Пулис: Марди 28-сола нимашаб ҳамдеҳаашро куфта, гарданбандашро рабудааст

Як сокини 28-солаи ноҳияи Восеъ бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт шудааст.

3 июл 2017, 15:26

Ҷузъиёти ҷаласаи Р.Эмомалӣ дар бораи сӯхтори “Корвон”

Шаҳрдории Душанбе ҷузъиёти ҷаласаи таҳти раёсати Рустами Эмомалиро дар бораи сӯхтори бозори “Корвон” нашр кардааст.

3 июл 2017, 14:45

Ҷасади судиҷрочии ноҳияи Восеъ аз дарёи Сурхоб пайдо шудааст

Ҷасади Наҷмиддин Садриддинови 36-сола судиҷрочии калони ноҳияи Восеъро аз дарёи Сурхоб дар ҳудуди рустои Қурбоншаҳиди ҷамоати Гулистон пайдо кардаанд.

3 июл 2017, 13:46

Дурнамои вазъи Афғонистон аз нигоҳи таҳлилгарони тоҷик, рус ва афғон дар Душанбе

Дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и профессор Иброҳим Усмонов ин навбат авзои Афғонистон баҳс мешавад.

3 июл 2017, 12:59

Нашри аксҳои ҷасади Абубакри Бағдодӣ дар ВАО

Шабакаи телевизионии Эрон, IRIB дар сомонааш аксҳои ҷасади Абубакри Бағдодӣ, роҳбари гуруҳи террористии “ДОИШ”-ро нашр кардааст.

3 июл 2017, 12:40

Қиссаи ҷангу ҷудоии дугоникҳои тоҷик дар Ҳолливуд (АКС)

Дар феҳрасти филмҳои нави “Ҳолливуд”, ки ҳафтаи равон намоишашон оғоз шудааст, “Unfallen” қарор дорад, ки аз ҳаёти ду бародари тоҷики ҷудошуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ қисса мекунад.

3 июл 2017, 11:01

Русия иҷораи машқгоҳи Қазоқистонро қатъ кард

Президенти Русия Владимир Путин созишномаеро, ки миёнаҳои солҳои 1990 дар бораи иҷораи машқгоҳи Эмба бо ҷониби Қазоқистон баста шуда буд, бекор кард.

3 июл 2017, 10:06

Сабукӣ ба тоҷирони зарардидаи бозори Корвон

Тоҷирони бозори Корвон, ки дар пайи сӯхтори шоми 2 июл хисорот дидаанд, ду сол аз пардохти хароҷотҳои бозор озод шудаанд. Ин нукта имрӯз, 3 июл дар дидори тоҷирон бо масъулини шаҳрдорӣ таъкид шудааст.

3 июл 2017, 08:51

ВКД: Дар сӯхтори Корвон 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидааст

Дар бозори Корвонро, ки шаби 2 июл сӯхтор ба амал омад, кормандони зиёди ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.

3 июл 2017, 08:22

Доғистон ба Тоҷикистон муаллими забони русӣ, риёзӣ, информатика мефиристад

Вазорати маориф ва илми Доғистон хабар додааст, ки як гуруҳ аз омӯзгорони русро барои кор ба Тоҷикистон мефиристад.

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!