Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:38
/ Материалы за 05.07.2017
5 июл 2017, 17:24

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми июл дар мулоқот бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон аз равобити сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ шудааст.

5 июл 2017, 15:33

Ҷаҳонгир Эргашев “Истиқлол”-ро ба қасди “Хуҷанд” тарк намуд

Ҷаҳонгир Эргашев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд гузашт. Дар ин бора аз Бошгоҳи тими “Истиқлол” ба “Озодагон” хабар доданд.

5 июл 2017, 14:45

Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук эътироф шудааст.

5 июл 2017, 13:58

Сӯхтори меҳмонхонаи “Сайри орзӯ” хомуш карда шуд (АКС)

Сӯхтори меҳмонхонаи “Сайри орзу”-и шаҳри Қӯрғонтеппа хомӯш карда шуд. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилии ин шаҳр ба “Озодагон” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар ошёнаи сеюми меҳмонхона сар зада, ҳанӯз сабабҳои он маълум нашудааст.

5 июл 2017, 12:12

Лагери инноватсионӣ барои ҷавонони DigitalCampTcell ба кор медарояд

Қабули дархостоҳо барои ширкат дар DigitalCampTcell, ки моҳи июн эълон шуда буд, ба поён расид. Давоми ду ҳафта бештар аз 50 дархост барои ширкат қабул гардид. Миёни онҳо гуруҳҳои иборат аз чанд нафар, ки омодаанд рӯи идеяҳои тиҷорӣ кор кунанд ва ҳамчунин иштиркчиёни алоҳида, соҳибкорони ҷавон, ки хостори дарёфти донишҳои наванд, ҳастанд.

5 июл 2017, 11:54

"Задухӯрди мақомот бо наздикони Ҳалимов 4 кушта барҷой гузошт"

Дар пайи як задухурд бо мақомоти интизомӣ дар деҳаи Ибрати ҷамоати Тугаракаи ноҳияи Восеъ чаҳор нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон кушта ва се нафари дигар, аз ҷумла бародари Ҳалимов боздошт шудаанд.

5 июл 2017, 11:42

Оғози кори гуруҳҳои пешгирандаи сатрпӯшӣ дар мактаб, бемористон, тарабхона ва маҳаллаҳо

Даҳҳо гуруҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.

5 июл 2017, 11:20

Ҳавопаймои раҳбари кадом кишвар “зӯртар”?

Air Charter Service дар пайи як таҳлил гаронтарин ҳавопаймоҳои раҳбарони кишварҳоро маълум кардааст.

5 июл 2017, 10:56

Боздиди “блогер”-ҳои рус аз Душанбе ва Помир (ВИДЕО)

Блогер ва сайёҳони рус Михаил Ронкаинен ва Настя Торшина, ки дар интернет шабакаи худро доранд, аз шаҳри Душанбе роҳи Помир ва Хоруғ боздид кардаанд.

5 июл 2017, 10:00

Кӯмакхоҳӣ барои пайдо кардани ҷавондухтари гумшуда (АКС)

Зуҳро Исоева, духтари 17-солаи тоҷик 5 рӯз боз бедарак шудааст.

5 июл 2017, 09:27

Р.Эмомалӣ ба писари Шарифхон Самӣ мансаби нав дод

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор муассисаи нави давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон»-ро таъсис додааст.

5 июл 2017, 08:02

Бозорҳо чаро месӯзанд (ИНФОГРАФИКА)

Шоми 2 июл бозори Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе оташ гирифт. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби сӯхторро “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” унвон кард ва гуфт, он масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар пайи ин ҳодиса 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд. Ҳолатҳои сӯхтори бозорҳо дар Тоҷикистон кам нестанд ва аз ҳама зиёд бозори Корвон оташ гирифтааст. Ҳодисаҳои пурсарусадои сӯхтори бозорҳоро дар ин акси гӯё бубинед.

5 июл 2017, 07:50

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 5-уми июл - 186-умин рӯзи сол. То поёни сол 179 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!