Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:40
/ Материалы за 06.07.2017
6 июл 2017, 16:59

РБК: Путин дар интихобот ҳамчун номзади худпешбар иштирок мекунад

Раисҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин дар интихоботи навбатии президентии Русия ҳамчун номзади худпешбар иштирок мекунад. "Ин сенарияро Кремл ҳамчун гузинаи беҳтар баррасӣ дорад", - навиштааст РБК бо истинод ба манобеи худ.

6 июл 2017, 16:35

ВКД: Куштори “таксист”барои 20 сомонӣ рух дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли як “таксист”-и 21-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро нашр кардааст.

6 июл 2017, 16:05

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрро фаромӯш накунед

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми панҷ рӯзи оянда дар кишвар ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа боло рафта, обшавии барфу пиряхҳо, баландшавии оби рӯдхонаҳо, хатари омадани сел ва резиши санг дар назар аст.

6 июл 2017, 15:31

Таъхири парвози “Сомон Эйр” ду паҳлавони тоҷикро аз мусобиқа маҳрум кард

Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов бо далели таъхири парвози ҳавопаймо натавонистаанд ба мусобиқаи Ҷоми Осиё бираванд. Ин сабқат дар шаҳри Тайбэй баргузор мешавад.

6 июл 2017, 15:16

Раёсати “Бозори Деҳқон”: Нотинҷӣ дар Кундуз картошкаро қимат кард...

Раёсати бозори “Деҳқон”, калонтарин таъминкунандаи Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ камҳосилӣ ва нотинҷӣ дар Кундузро далели гаронии картошка-“нони дуюм”-и мардуми Тоҷикистон хонда, боз ҳам боло рафтани нархи онро аз эҳтимол дур намедонад.

6 июл 2017, 13:51

Мусодираи 4 ҳазор фиттаи “пастсифату пастмазмун” дар Суғд

Корхонаи фаръии давлатии кино ва видоеи вилояти Суғд аз мусодираи 4 ҳазор фиттаи “пастсифату пастмазмун” хабар медиҳад.

6 июл 2017, 11:43

Э.Раҳмон дар бораи “Роғун” ва зарари таъхири бунёди КАСА-1000

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 6-уми июл дар мулоқот бо роҳбарони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон изҳор доштааст, ки марҳилаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” соли 2018 фаъол мешавад, аммо бунёди КАСА-1000 аз нақша қафо мондааст.

6 июл 2017, 10:15

Рэпҳои пиразани 78-сола интернетро тасхир мекунад (ВИДЕО)

Рэпсароии як писаразани 78-сола дар Қазоқистон мавзӯи аслии баҳси аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Марям Ҳамраева мегӯяд, баъди он ки рэпсароии наберааш – Дилшодро гуш кард, тасмим гирифт, ҳамроҳи ӯ тарона иҷро кунад. “Ман гуфтам эҳтимол аз ту хубтар мехонам”,-мегӯяд ӯ дар як навори видеоӣ.

6 июл 2017, 09:56

Эълон: Роҳ ба Варзоб баста мебошад

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз, 6-уми июл ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз маҳаллаи «Варзоб ГЭС»-и шаҳри Душанбе то мавзеи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.

6 июл 2017, 09:52

Ашраф Ғанӣ ба Душанбе расид

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон субҳи имрӯз, 6 июл бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд.

6 июл 2017, 09:39

Ҳалокати донишҷӯй аз зарби барқ баъди оббозӣ

Донишҷӯйи 20-солаи тоҷик аз зарби барқ баъди оббозӣ ба ҳалокат расидааст.

6 июл 2017, 09:26

Деҳ - Берун аз сиёсат ва ҳукумат

Бештар аз як ҳафта ҳаст, ки дар деҳам. Барои ҳар тоҷик деҳ ва вижагиву имконоташ ошност. Зеро тоҷик ё шаҳрии деҳшуур аст ё деҳотии шаҳришуда. Бадбахтона то кунун пойтахти кишвари мо натавониста, ки рисолати шаҳри пештози фарҳанг ва иҷтимои кишварро иҷро кунад. Ва бо таассуф бояд гуфт ки то ҳануз ҳам дар Душанбе муҳите ба вуҷуд наомадааст, ки фарҳанг ва ҷавҳари корои миллӣ шакл бигирад. Ин аз бохтҳои бисёр бузурги миллии мост, ки ҷуброннопазир аст.

6 июл 2017, 08:05

Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба “Балтика” пайваст

Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Дунав Русе”-и Булғористон ба ҳайати “Балтика”-и Калининград пайвастааст.

6 июл 2017, 07:40

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 6-уми июл - 187-умин рӯзи сол. То поёни сол 178 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!