Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:40
/ Материалы за 07.07.2017
7 июл 2017, 17:26

Маслиҳати мутахассис ба ҷабрдидаҳо аз ҳамлаи вирус дар Фейсбук

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, мутахассиси саршиноси масоили технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар пайи ҳамлаҳои вирусии рӯзҳои охир ба корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки калидвожаҳои саҳифаашонро дар ин шабакаи иҷтимоӣ иваз намоянд.

7 июл 2017, 16:05

Омбудсмени кӯдак: Аз Сурияву Ироқ 5 кӯдак ба Тоҷикистон баргардонида шуд

Масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, дар кишвар ҳанӯз ҳам норасоии мактабҳои таҳсилоти умум вуҷуд дорад.

7 июл 2017, 15:02

Филми ВУХ-и Узбакистон дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон (ВИДЕО)

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо нашри як филми мустанади 21-дақиқаӣ изҳор доштааст, ки дӯстии халқҳои тоҷику узбак аз санҷиши вақт гузаштааст.

7 июл 2017, 13:56

Ду ҷавон дар Суғд ба “анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ” нисбати ноболиғ муттаҳам мешаванд

Дар шимоли Тоҷикистон 2 ҷавони 27-28-сола бо гумони анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғи 13-сола боздошт шудаанд.

7 июл 2017, 12:52

Сатторзода дар бораи хатои Амрико ва татбиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Афғонистон

Абдунабӣ Сатторзода, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик, мегӯяд, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки манфиати гуруҳҳои даргир ва абарқудратҳо ба ҳам омада буданд, метавонад дар Афғонистон низ роҳандозӣ шавад.

7 июл 2017, 11:44

Суҳбат бо Амруллоҳ Солеҳ: Аз омадани Ҳикматёр ба Афғонистон то дидор бо таксирон баъди 17 сол дар Душанбе

Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон ва бунёдгузори ҳаракати “Раванди сабз” аз сиёсатмадорони саршиноси он кишвар аст. Оқои Солеҳ ахиран ҷиҳати иштирок дар конфронси тарвиҷи ҳамгироӣ ё “CAMCA forum-2017” ба Душанбе омад. Дар ҳошияи ин конфронс хабарнигори мустақил Сайф Сафар бо ӯ суҳбате анҷом дод.

7 июл 2017, 11:10

Нашри акси муттаҳамон дар дуздӣ ҳангоми сӯхтори “Корвон” (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон акси афродеро, ки дар дуздии моли тоҷирони бозори “Корвон” ҳангоми сӯхтор муттаҳам мешаванд, нашр кардааст.

7 июл 2017, 10:22

Туркманистон пеш аз Осиё-2017 назорати хориҷиҳоро шадидтар кард

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Туркманистон ҳисоботи раҳбарияти хадамоти муҳоҷирати ин кишвар оиди ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ шунида шуд. Ҳамчунин талаб шуд, ки ба қайдгирии меҳмонони хориҷӣ, новобаста ба он ки бо сафари корӣ ё шиносоӣ вориди Туркманистон мешаванд, шадидтар шавад.

7 июл 2017, 09:32

Боздошти директори мактаб барои порагирӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 42-сола, директори яке аз мактабҳои шаҳри Конибодом хабар дод, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад.

7 июл 2017, 09:30

“Мардҳо бо насупурдани алимент аз занҳои собиқашон қасд мегиранд”

Дар шаҳри Кӯлоб 12 нафар барои саркашӣ аз пардохти алимент муҷозот шудаанд.

7 июл 2017, 09:13

Раддабандии FIFA: Тоҷикистон 12 зина ақиб рафт

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA-Федератсияи байналмилалии футбол, ки 6 июл нашр шуд, 12 зинаро аз даст додааст.

7 июл 2017, 09:01

Юсуф Раҳмон мубориза бо худнамоиҳоро пурзӯр мекунад

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон прокурорҳои кишварро муваззаф намудааст, ки мубориза бо вайронкунандаҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро пурзӯр намоянд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!