Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:39
/ Материалы за 10.07.2017
10 июл 2017, 17:15

Қочоқи трактори “Белорус” ва мошини “Volvo”

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе мошини тамғаи “VOLVO F–12–380-4х2” бо ядакаш ва як трактори “Беларус 82.1” боздошт карда шуд.

10 июл 2017, 16:18

Баъди шикояти муштариён се корхонаи хиштбарорӣ ҷарима шуд

Раёсати стандартизатсия, сертификатсия ва назорати савдои гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз муҷозоти се корхонаи хиштбарорӣ хабар дод.

10 июл 2017, 16:00

Вазорати маориф дар бораи омори ҷинояти ноболиғон

Ба омори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон давоми панҷ моҳи соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 304 ҷиноят содир гаштааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 54 ҳолат ва ё 15,0 дар сад кам будааст.

10 июл 2017, 15:20

А.Раҳнамо: 70 ҷангандаи тоҷики “ДИИШ” хостори бозгашт ба Ватан шудаанд (САДО)

Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, саркӯби гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва интиқоли онҳо ба Афғонистон хатари ин гурӯҳро барои кишвари мо зиёдтар карда истодааст.

10 июл 2017, 15:03

Президенти Қирғизистон соли 2016 қариб 18 ҳазор доллар даромад доштааст

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон соли гузашта 1 млн 246 ҳазор сом (наздики 17,8 ҳазор доллар) даромад доштааст. Дар ҳамин ҳол, харҷаш 8 млн 385 ҳазор сом (қариб 120 ҳазор доллар) будааст. Вай дар эъломияаш навишт, ки аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш харҷ кардааст.

10 июл 2017, 14:01

С.Сафаров: Баъзе гуруҳҳо аз пашша фил месозанд

Сайфулло Сафаров, ноиби аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, “пропаганда”-е, ки зиддифасод роҳандозӣ шудааст, бар зарари ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 10 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт.

10 июл 2017, 12:16

Вазири маориф гуфт, дохилшавӣ ба макотиби олӣ мушкилтар мешавад

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, сол ба сол суолҳои Маркази миллии тестиро барои дохилшавӣ ба донишкадаю донишгоҳҳоро мушкилтар хоҳанд кард.

10 июл 2017, 11:22

Минтақаи Кӯлоб: Беш аз 100 деҳа ҳанӯз барқ надорад...

Сардори Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб теъдоди деҳаҳоеро, ки ҳанӯз ба онҳо хатти барқ кашида нашудааст, 101-то гуфт.

10 июл 2017, 09:52

Стратеги Президент: Иттиҳоди Атовулло, ҲНИТ... дар хориҷ хатари ҷиддӣ дорад

Сайфулло Сафаров, ноиби раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, иттиҳоди нерӯҳое, ки худро мухолифи ҳукумат медонанд, дар хориҷ аз кишвар хатари ҷиддӣ дорад.

10 июл 2017, 09:39

Баррасии фармон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи айбдоршавандаҳо аз сӯи муфаттишу додрасҳо

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикстон хостори пурзӯр намудани назорати риояи ҳуқуқи инсон ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ шудааст.

10 июл 2017, 09:22

4 куштаю 7 маҷруҳ ва тахрибкориҳои дигари сел дар Бадахшон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сел, ки баъди зуҳри 8-уми июл аз қаламрави Бадахшони Афғонистон фуруд омад, 4 нафар ҳалок ва 7 нафар захмӣ шуданд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!