Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 19:03
/ Материалы за 11.07.2017
11 июл 2017, 18:08

Одамони оддиро аз ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентӣ маҳрум карданд

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишварашро барои мутобиқ гардонидани онҳо бо Конститутсия имзо кард.

11 июл 2017, 18:00

Ҷузъиёти кору ақидаи Оқохони IV: Аз даромад то теъдоди афроде, ки мехӯронад, мехононад, табобат мекунад...

Исмоилиёни Тоҷикистон имрӯз, 11-уми июл баробари сокинони беш аз 25 кишвари дигари ҷаҳон 60-умин солгарди ба тахти имомат нишастани пешвои руҳонияшон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд ва чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ зери унвони ҷашни Алмосии Оқохон то июли соли оянда идома хоҳад кард.

11 июл 2017, 16:13

Шарҳи додситонӣ дар бораи қазияи латту кӯб ва аз кор озод шудани Марям Шарифзода

Хушвақт Машрабзода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, санҷиши қазияи латту кӯби лейтинанти калони милиса Марям Шарифзода идома дорад.

11 июл 2017, 16:12

Ҷӯразода дар бораи нобаробарии рушди маҳалҳо ва фирори мағзҳо

Тоҷиддин Ҷӯразода, ноиби раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Тоҷикистон муҳокимарониҳо дар бораи онро, ки таваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ ба рушди минтақаҳои кишвар якхела нест, бепоя донист.

11 июл 2017, 15:44

Ёрии нуҳтоннаии ҳукумат ба зарардидаҳои сели Дарвоз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷониби ҳукумати кишвар ба аҳолии аз сел зарардидаи ноҳияи Дарвоз 9 тонна маводи ғизоӣ интиқол дода шуд.

11 июл 2017, 14:35

Таъмири хона куштори 13 соли қаблро ошкор кард

Мақомоти милисаи шаҳри Ваҳдат қатли ҷавонзанеро ошкор карданд, ки 13 соли қабл аз сӯи шавҳараш кушта ва дар таҳхона таҳи фарши бетонӣ гӯронда шудааст.

11 июл 2017, 14:26

Ронандаи мусофиркаши №8 ба мусофир ва нозири хатсайр: Ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред

Як мусофири хатсайри №8-и шаҳри Душанбе аз талаби роҳкирои бештар ва муносибати ноҷои ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ шикоят дорад.

11 июл 2017, 13:49

Геологи № 1: Заминҳои додашуда ба Чин кон надоштанд (ВИДЕО)

Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, мегӯяд, заминҳое, ки дар доираи созиши дуҷониба ба Чин дода шуданд, ягон кон надоштанд.

11 июл 2017, 12:39

Ёдоварии Э.Раҳмон аз садамаи пурқурбонии Восеъ ва супориш барои тағйирот ба қонун

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори бознигарии шароити таълим дар курсҳои ронандагӣ ва ба таври бисёр ҷиддӣ ба роҳ мондани имтиҳонҳо барои гирифтани ҳуқуқи ронандагӣ шудааст.

11 июл 2017, 12:20

Ғарқшавии 5 нафар дар кӯлу дарёҳои Суғд дар рӯзҳои истироҳатӣ

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар кӯлу дарёҳои шимоли Тоҷикистон 5 нафар ғарқ шудаанд.

11 июл 2017, 11:07

Нигаронии Президент аз роҳ ёфтани тасодуфиҳо дар бахшҳои танзим

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳ ёфтани афроди тасодуфӣ дар вазифаҳое, ки ба бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дахл доранд, изҳори нигаронӣ кардааст.

11 июл 2017, 10:44

Гумшудаҳои таърих ва фарҳанг

Форобӣ, Ибни Сино, Тӯсӣ ва садҳо нафари дигар барои Тоҷикон мисли “ҷини аз чароғи Аловиддин баромада” набуданд ва ин мардум метавонист ва метавонад боз тақдири худро ба даст гирифтан.

11 июл 2017, 10:44

(ВИДЕО) Ҳукумат ҳаққи мардум ба додугирифти сангу металҳои қиматро баррасӣ дорад

Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Вазорати молия дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дигари давлатӣ ба ҳукумат лоиҳаи қоидаҳои худфаъолиятӣ ва худбиёрии сангу металҳои қиматбаҳоро пешниҳод кардааст.

11 июл 2017, 10:15

Саридораи геология: Шарҳи “Газпром”-ро интизорем...

Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон тасмими “Газпром” дар бораи қатъи фаъолият дар майдонҳои нафту гази “Сариқамиш” ва “Шоҳамбарии Ғарбӣ”-ро тасдиқ кард.

11 июл 2017, 09:46

ТАЛКО дар талоши беҳбудӣ ба тиллокорӣ рӯй овард

ТАЛКО, калонтарин корхонаи истеҳсоли алюминий, ки ба мушкили молӣ дучор аст, барои беҳбуди вазъи иқтисодияш ба истихроҷу коркарди тилло рӯй овардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!