Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 15:47
/ Материалы за Август 2017 года
31 август 2017, 17:16

Дархости СММ барои қатъи озори мусалмонҳо дар Бирма

Кумитаи ҷаҳонии хадамоти универсалӣ (Unitarian Universalist Service Committee) аз Ҳукумати Бирма даъват кардааст, ки тавсияҳои асосии Кофӣ Аннан, собиқ дабири кулли СММ-ро вобаста ба ҳалли вазъияти Рохин ба инобат бигирад.

31 август 2017, 16:58

Пентагон: Дар Афғонистон 11 ҳазор низомии амрикоӣ ҳузур дорад

Пентагон рӯзи чаҳоршанбеи 30 август хабар дод, ки шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба 11 ҳазор нафар мерасад. Тавре хабаргузории "Рейтерс" иттилоъ медиҳад, Пентагон пештар рақами 8 ҳазору 400-ро зикр мекард.

31 август 2017, 15:45

Қарори Рустами Эмомалӣ: Дарахту бутта ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонед

Шаҳрдори Душанбе масъулини корхона ва ташкилоту муассисаҳои пойтахро муаззаф кардааст, дар гирду атрофи мавзеи худ дарахту бутта ва гулҳои мавсимию бисёрсол шинонанд.

31 август 2017, 15:05

ИНФОГРАФИКА. Дар бораи Иди Қурбон чиро бояд донист?

Ҷумъаи 1 сентябр мусалмонҳои Тоҷикистон аз Иди Қурбон ё Азҳо ҷашн мегиранд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати 6:30 хонда мешавад. Дар Инфографикаи зер чанд нуктаи муҳим дар бораи Иди Қурбон гирдоварӣ шудааст, ки фикр мекунем донистанаш барои Шумо аз манфиат холӣ нест.

31 август 2017, 14:22

12 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия депорт кардаанд

12 табааи Тоҷикистон аз вилояти Калугаи Русия ба Ватан ихроҷ шудаанд.

31 август 2017, 14:09

Э.Раҳмону Ч.Дэсзян аз ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Чин дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм гуфтаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари давлатӣ дар Пекин қарор дорад, бо Чжан Дэсзян, раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Чин мулоқот кардааст.

31 август 2017, 11:55

Отамбоев: Агар кореро анҷом надода бошам, маро бубахшед

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бораи натиҷаи муқаддамотии давраи президентии худ суҳбат карда, аз мардуми кишвараш узр пурсид.

31 август 2017, 11:28

Таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ дар вазорату идораҳо: Аз нақзи “қонуни танзим” ба “боло” хабар медиҳанд

Дар тамоми вазрату идораҳои кишвар, ки на камтар аз 30 корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Ҳадафи ин комиссия риояи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” аз ҷониби кормандон хоҳад буд. Ин нукта дар тағйиру иловаҳо ба моддаи 51-и қонуни мазкур, ки 28 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зери он имзо гузошт ва аллакай мавриди истифода қарор гирифт, зикр шудааст.

31 август 2017, 11:22

Корти электронӣ дар автобусҳо: Поёни баҳси бақияпулӣ ва тақдири “кондуктор”-ҳо

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки то охири сол автобусҳои мусофирбари пойтахт бо низоми пардохти электронӣ муҷаҳҳаз шуда, фурӯши кортҳои электронӣ барои мусофирон шурӯъ мегардад.

31 август 2017, 10:47

Худкушии духтари ноболиғ баъди тӯйи ҳамсоя

Фотима, хонандаи мактаби миёнаи №21-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ даст ба худкушӣ задааст.

31 август 2017, 10:06

Барои омодагии як талаба ба мактаб чанд сомонӣ лозим аст? (ИНФОГРАФИКА)

Фардо, 1 сентябр дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи аввали соли хониш аст. Масъалаи хариди сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола ба мавзӯи №1-и аксар хонаводаҳо дар ин шабу рӯз табдил мешавад. Хабарнигори “Озодагон” дар вилояти Суғд ҳисоб кард, ки барои ба мактаб омода кардани як хонанда чӣ қадар пул зарур аст?

31 август 2017, 09:32

Элизабет Миллард: “Расми хуби тоҷикон”-ро фаромӯш нахоҳам кард!

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Душанбе, ки имрӯз, 31 август Тоҷикистонро ба қасди Вашингтон тарк мекунад, дар як матлаб гуфтааст, ба туфайли меҳмоннавозии мардуми тоҷик худро мисле ки дар хонаи худаш эҳсос мекард.

31 август 2017, 09:09

Паёми табрикии Президент: Нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон мардуми кишварро ба ҳимояи фарҳанги миллӣ даъват намуда, таъкид кардааст, арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд.

31 август 2017, 08:52

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 31-уми август - 243-юмин рӯзи сол. То поёни сол 123 рӯзи дигар монда.

30 август 2017, 17:20

Душанбе: 91 сол-ҳабси 5 нафар баъди дуздии 10 "ДСП"

Додгоҳи шаҳри Душанбе 5 нафарро, ки аз хонаи як сокини Рӯдакӣ 5 тахтаи сохтмонии “ДСП” дуздиданд, ҷамъ ба 91 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Август 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!